Дар Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварии вилояти Суғд мусобиқа оид ба камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар мусобиқа беш аз 60 нафар камонварон аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок карда, тибқи барномаи инфиродӣ миёни ҳам сабқат намуданд.
Мусобиқа дар ду бахш - миёни наврасон ва занону мардон дар алоҳидагӣ ҷараён гирифт.
Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи камонварии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими ҷамъбасти мусобиқа ширкат варзида, доир ба варзиши камонварӣ ва рушди ин навъи варзиш ибрози андеша намуд.
Дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони мусобиқа оид ба камонварӣ мукофотҳои пулӣ супорида шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд