Ҳамкориҳои вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вилояти Рязани Федератсияи Россия тақвият бахшида мешавад. Ин нукта дар мулоқоти ҳайатҳои дуҷониб, ки дар шаҳри Хуҷанд доир гардид, зикр ёфт. Ёдовар мешавем, ки ҳайати расмии вилояти Рязани Федератсияи Россия бо роҳбарии муовини Раиси вилояти Рязан Юля Швакова ба вилояти Суғд ташриф овард.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳайати меҳмононро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки бо сиёсати дурнигаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин ҳамкории ду давлати дӯст беш аз пеш густариш меёбад. Дар ин замина вилояти Суғд бо минтақаҳои гуногуни Федератсия Россия муносиботи ҳасана дошта, мубодилаи молу маҳсулот сол аз сол афзоиш меёбанд.
Гуфта шуд, ки дар вилояти Суғд бо дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фазои муносиби сармоягузорӣ фароҳам буда, имрӯзҳо даҳҳо корхонаҳои муштарак фаъолият доранд. Дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди саноат дар вилоят ба бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ҳамзамон ҷалби сармоя таваҷҷуҳи хосса равона шудааст.
Раиси вилояти Суғд таваҷҷуҳи меҳмононро ба масъалаи таъсиси корхонаҳои нав, ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, ҳунармандӣ ҷалб намуд. Дар ин самт бо қаноатмандӣ гуфта шуд, ки Палатаҳои савдо ва саноати вилоятҳои Суғд ва Рязан бо тақвият бахшидани фаъолият аз имконоти мавҷуда истифода намуда истодаанд.
Ҳамзамон, зарфиятҳои вилояти Суғд муаррифӣ гардида, пешниҳод дар самти аз худ намудани заминҳо ва бунёди боғҳои интенсивӣ, гармхонаҳои типи нав, ташкили корхонаҳои коркарди мева, пахта ва истеҳсоли матоъ аз пахта, корхонаи коркарди пӯст ва истеҳсоли пойафзол, корхонаи истеҳсоли доруворӣ бо истифода аз гиёҳҳҳои шифобахши Тоқикистон ба миён гузошта шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои фароҳам овардани шароити муносиб дар самти сармоягузорӣ, ҳамкории судманди соҳибкорони ду вилоят ва татбиқи нақшаву барномаҳо омордагии худро баён дошт.
Муовини Раиси вилояти Рязан Юля Швакова барои пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки ҳадаф аз ташрифашон ба вилояти Суғд пеш аз ҳама густариш бахшидани ҳамкориҳо, шиносоӣ бо зарфиятҳои мавҷуда ва дарёфти шарикон дар самту соҳаҳои мухталиф мебошад. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ин дидору мулоқот ва гуфтушунидҳо дар амалӣ шудани нақшаву барномаҳои нав, ки метавонад ба нафъи ҷонибҳо бошад, мусоидат намояд.
Дар доираи сафар ба вилояти Суғд ҳайати расмии вилояти Рязани Федератсияи Россия аз корхонаҳои саноатӣ дидан намуда, бо соҳибкорону роҳбарони корхонаҳои саноатӣ мулоқот хоҳад кард.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд