Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо сохтмони корхонаҳои саноатӣ шинос гардид.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои нави саноатӣ бунёд ва ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда мешавад. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Суғд метал" аз ҷумлаи чунин корхонаҳоест, ки имрӯз дар он корҳои сохтмонӣ бомаром пеш меравад. Зимни шиносоии роҳбари вилоят бо ҷараёни сохтмон маълумот дода шуд, ки корхона бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ сохта мешавад. Иқтидори солона истеҳсоли 50 ҳазор тонна метал буда, аз 40 то 100 номгӯи маҳсулот истеҳсол мегардад. 

Қобили қайд аст, ки бо фароҳам гардидани фазои муносиби сармоягузорӣ дар кишвар чунин корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бунёд карда мешаванд, ки ин тадбир дар баробари таъмини сокинон бо ҷойи кор дар зиёд гардидани маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ замина фароҳам меоварад. Масъулини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Суғд метал" нақша доранд, ки дар марҳилаи аввал 200 нафар ва минбаъд то 400 нафарро бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин намоянд. Ин ҳама тадбирҳои созандагӣ дар партави супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади истифодаи зарфиятҳои соҳаи саноат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров амалӣ мегардад.

Дар шафати корхонаи металургӣ як корхонаи наву замонавии дигар, ки дар вилояти Суғд беназир аст, бунёд гардида, истеҳсоли маҳсулот ба таври таҷрибавӣ ба роҳ монда шудааст. Истеҳсоли селлофан бо технологияи навтарин аз кишварҳои пешрафта иқдоми муҳиму шоиста дар амалӣ шудани ҳадафи Ҳукумати мамлакат дар самти рушд бахшидани соҳаи саноат маънидод гардид. Иттилоъ дода шуд, ки барои бунёди корхона ва хатти нави истеҳсолӣ дар умум 3 миллион евро сармоягузорӣ шудааст. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани ин корхона беш аз 30 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд. 

Роҳбари вилоят ба кори соҳибкорон баҳои баланд дода, илова намуд, ки маҳсулоти истеҳсолшаванда воридотивазкунанда буда, дар баробари истифода дар бунёди гармхонаҳо, ҳамчунин дар дигар самту соҳаҳо ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Барои тақвияти фаъолият ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар оянда дастуру маслиҳатҳои зарурӣ дода шуд. 

Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Далерон" ба истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда, парвариши паранда ва истеҳсоли гӯшти парҳезӣ машғул буда, тибқи супориши Ҳукумати мамлакат тамоми ҷараёни истеҳсолӣ ба роҳ монда шудааст. Яъне ин корхона истеҳсоли чӯҷаҳоро дар инкубатор ба роҳ монда, минбаъд парвариш ва барои гӯшт омода мекунад. Хӯроки паранда дар худи ҷамъият истеҳсол мегардад. 

Зимни шиносоӣ иттилоъ доданд, ки айни замон дар ҷамъият беш аз 250 ҳазор сар паранда парвариш карда мешавад. "Далерон" яке аз калонтарин корхонаҳоест, ки бозори истеъмолиро бо гӯшти парҳезӣ таъмин менамояд. Айни замон барои васеъ намудани самти фаъолият ва зиёд намудани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди ҷамъият идома дорад. 

Ширкати "Фаровон", ки аз зумраи корхонаҳои калони истеҳсолӣ мебошад, баҳри иҷрои супоришҳои Сарвари давлат сехҳои навро ба кор андохта, ҳаҷми истеҳсолро зиёд менамояд. Корҳои бунёдии сехи нав тибқи нақша ҷараён дорад ва бо мавриди истифода қарор гирифтани он чандин нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд. Тавре иттилоъ дода шуд, коргоҳи истеҳсоли макарон иқтидор дорад дар як сол беш аз 20 ҳазор тонна макарон истеҳсол намояд. Дар коргоҳи нави равғанбарорӣ дар як шабонарӯзӣ 150 тон маҳсулот истеҳсол мегардад. Бо амалӣ шудани нақшаҳои созанда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот боз ҳам зиёд мегардад.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Сомон-сохтмон" коркарди санг ба роҳ монда шуда, сангҳои мармар дар иншооти мухталифи хоҷагии халқ ва дигар корҳои сохтмонӣ васеъ истифода мегардад. Ба роҳбари вилоят маълумот доданд, ки сангҳо асосан аз кони "Бунҷикат"-и ноҳияи Шаҳристон оварда мешавад. Гуфта шуд, ки бо назардошти куҳсор будани Тоҷикистон ва ғаниву фаровон будани санг бунёду ба кор даровардани чунин корхонаҳо амри муҳиму зарурӣ мебошад. Технологияи навтарин аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ворид ва васлу насб гардида, баъди омӯзиш мутахассисони маҳаллӣ онро идора менамоянд.

Роҳбарияти ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Сомон-сохтмон" нақша доранд, ки бо ба кор андохтани ин корхона сокинонро бо кор таъмин ва маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуда, дар рушди соҳа саҳм гузоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд