Вусъати корҳои ободонӣ дар шаҳри Исфара

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат меёбад.

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни таърихӣ дар Ҷамоати деҳоти Навгилем мумфаршкунии роҳҳо идома дошта, дар иҷрои кори хайр соҳибкорону саховатмандон саҳм гузошта истодаанд. Дар идомаи тадбирҳои ободонӣ дар ҷамоат бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба мумфаршкунии боз 3,7 км роҳ оғоз бахшида шуд. Паҳноии ин роҳ 6 метр буда, дар назар аст, ки дар марҳилаи дуюм боз 4 км роҳ мумфарш гардад.

Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинон қайд намуд, ки имрӯзҳо дар тамоми қаламрави вилоят корҳои обониву бунёдкорӣ идома дошта, саҳми сокинон дар ободии маҳал назаррас аст. Таъкид гардид, ки сокинони ҷамоат минбаъд низ дар пайравӣ ба иқдому ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободу зебо намудани деҳот талош менамоянд.

Дар идома роҳбари вилоят дар деҳоти Чоркуҳ корҳои барқароркунии пули мошингузарро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Пули мазкур санаи 10 июл бар асари боришоти зиёд ва омадани сел хароб гардида буд ва он ҳамакнун бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорону саховатмандон барқарор гардида истодааст.

Сипас, Раиси вилоят аз ҳоли чанде аз собиқадорони меҳнат хабар гирифта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд