Дар ноҳияи Деваштич таҳти унвони "Технологияи парвариши картошка дар минтақаҳои кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон" семинар доир шуд

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», инчунин вазифаҳое, ки дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 (24.01.2024) бо назардошти омилҳои пешгуинашаванда, тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва оқибатҳои ногувори он, ҷиҳати истифодаи оқилонаву самараноки ҳар як ваҷаб замин баён доштанд, 20 июли соли равон дар деҳаи Овчии ноҳияи Деваштич семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Технологияи парвариши картошка дар минтақаҳои кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар доираи баргузории чорабинии мазкур иштирокдорон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ давоми чанд рӯз аз таҷрибаҳои пешқадам ва технологияҳои кишту парвариш ва ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Шаҳристон ва Деваштич аз наздик шинос шуданд.

Дар кори семинар муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, намояндагони кумитаву идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, инчунин як қатор раисони шаҳру ноҳияҳои алоҳида, намояндагон аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, сарраёсат, раёсат, шуъбаву бахшҳои кишоварзӣ ва хоҷагидорон иштирок намуданд.

Дар оғози семинар иштирокдорон аз ҳолати нашъу намои картошка дар хоҷагии "Овчӣ-Ғончӣ" дидан карданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода кори семинарро оғоз бахшида, тамоми иштирокдоронро хайрамақдам гуфт.

Раҷаббой Аҳмадзода илова намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят соҳаи картошкапарварӣ рушд ёфта, яке аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад.

Дар соли 2023 истеҳсоли картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 600 ҳазору 63 тоннаро ташкил дод, ки ин нишондод нисбати соли 2022 – юм 37 ҳазору 139 тонна зиёд мебошад,

Дар ин ҷода истеҳсоли картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саҳми шаҳру ноҳияи Деваштич 230 ҳазору 6 тонна, Кӯҳистони Мастчоҳ 108 ҳазор тонна, Панҷакент 74 ҳазору 154 тонна, Истаравшан 63 ҳазору 32 тонна, Шаҳристон 49 ҳазору 10 тонна, Исфара 22 ҳазору 958 тонна ва Айнӣ 21 ҳазору 653 тонна, ки дар маҷмӯъ зиёда аз 568 ҳазору 813 тоннаро ташкил дода, ин нишондод 94,8 фоизи истеҳсоли вилоятро дарбар мегирад.

Дар корхонаҳои кишоварзӣ истеҳсоли картошка ба 482 ҳазору 518 тонна расонида шуд, ки нишондоди мазкур нисбати соли 2022-юм 27 ҳазору 573 тонна зиёд мебошад.

Сипас, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ва вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ, дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои марбут ба соҳа ибрози назар намуданд.

Дар қисми назариявӣ Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Салимзода Амонулло, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур Маҳмадёрзода Умсон, профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур Қаҳҳоров Қаҳор, директори Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии АИКТ оид ба парвариш, коркард, пешгирии касалиҳо, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба илм ва татбиқи он дар истеҳсолот маърӯзаҳо намуданд.

Ба иштирокдорони семинари ҷумҳуриявӣ барои истифодаи роҳу усулҳои нави парвариши картошкапарварӣ тавсияҳо дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд