Шоми 21 май дар майдони назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ ҷавонони саодатмандро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки яке аз санаҳои муҳимми таърихи кишвари соҳибистиқлоламон мебошад, самимона табрику муборакбод намуд.
Қайд карда шуд, ки таҳти роҳбариву раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба ҷавонон таваҷҷуҳу ғамхории махсус зоҳир гардида, ба хотири дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегардад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки “Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор мекунем, зеро онҳо бо иштироки фаъолонаи худ дар ҳамаи соҳаҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан саҳми арзишманд мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд”. Ин нукта маънои онро дорад, ки дар замони мо ҷавонон ҳамчун нерӯи созандаи кишвар, такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон саҳми муҳим мегузоранд.
Раиси вилоят иброз дошт, ки санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва барномаву стратегияҳое, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ қабул гардиданд, риояи ҳуқуқҳои конститутсионии ҷавононро таъмин намуда, ба таҳкими мақоми онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии ҷомеа, беҳтар гардидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомӯзӣ ва фаъолияти пурсамари ҷавонон, тақвияти худшиносиву худогоҳӣ ва ҳисси миллии онҳо мусоидат намуданд.
-Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамасола бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат корҳои муайянро ба сомон мерасонад. Аз ҷумла, сохтмони иншоотҳои иҷтимоиву варзишӣ, таъмини оилаҳои ҷавон бо манзил ва қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ҷудо гардидани грантҳо, татбиқи имтиёзҳо барои мутахассисони ҷавон, таъсиси стипендияи Раиси вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо, ҷудо гардидани мукофотпулиҳо барои варзишгарони муваффақ, мукофотонидани хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои сазовор мешаванд, шаҳодати гуфтаҳои боло мебошад.
Дар баробари ин, баҳри иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ҷавонон дар вилоят Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2022-2026, Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар вилояти Суғд барои солҳои 2023-2027, Барномаи миллии рушди фаъолияти волонтёрӣ дар вилояти Суғд барои солҳои 2023-2027, Барномаи маҳаллии маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2022-2026 ба тасвиб расида, дар маҷмӯъ барои амалигардии ин барномаҳо дар соли 2024-ум беш аз 2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ равона гардидааст.
Шоистаи таъкид аст, ки масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаву олии касбӣ ва тарбияи мутахассисони баландихтисос мавриди эътибори аввалиндараҷа қарор дорад. Ҳамасола хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ иштирок ва мақоми намоёнро сазовор шуда истодаанд, - илова намуд роҳбари вилоят.
Бо мақсади дастгирии ҷавонон ва пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон қабул гардидани қарорҳои Раиси вилоят “Дар бораи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат!”, «Дар бораи ташкил ва гузаронидани Ҳафтаи иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд» ва «Дар бораи муқаррар намудани стипендияи Раиси вилояти Суғд барои соли хониши 2023-2024», инчунин баргузории ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси вилоят, иштироки фаъолонаи ҷавонон дар Ҳафтаи иштироки донишҷӯён дар идоракунии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, маросими тақдими стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯёну магистрантон ва аспирантони макотиби олии вилоят, боварӣ дорам, ки бевосита ба баланд бардоштани самаранокии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, тақвият бахшидани фаъолият дар самти тарбияи ватандӯстӣ, маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватанпарастӣ ва муҳаббати онҳо нисбат ба Ватан, таҳкими истиқлолияту ободии Ватан мусоидат хоҳад намуд.
Илова бар ин, бо мақсади ҳавасамандгардонии ҷавонон – донишҷӯёни макотиби олӣ ва миёнаи касбии вилоят стипендияи Раиси вилоят дар давоми соли 2024 аз 130 адад ба 250 адад расонида шуда, ҳаҷми малағи он як баробар изофа карда шуд, ки аз таваҷҷӯҳу ғамхориҳои пайвастаи Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят шаҳодат медиҳад.
Яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ таваҷҷӯҳ ба рушди варзиш ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон маҳсуб меёбад, зеро наврасону ҷавонон ҳар қадар солим бошанд, давлату миллат низ ба ҳамон андоза нерӯманду тавоно мегардад.
Воқеан ҳам, маҳз дар давраи Истиқлоли давлатӣ варзиши тоҷик густариши бесобиқа пайдо карда, варзишгарони ҷавони мо тавонистанд, ки бо иштироки фаъолона ва ҳисси баланди ватандӯстонаи худ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ соҳиби ҷоизаҳо гардида, ба ифтихори пирӯзии онҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо парафшон ва дар гӯшаҳои мухталифи олам Суруди милламон садо диҳад.
Имрӯз баҳри таъмини оммавияти варзиш ва муҳайё намудани имкониятҳои мусоиди инфрасохторию ташкилӣ барои варзишгарон дар вилоят беш аз 2900 иншооти варзишӣ амал мекунад. Дастрасӣ ба инфрасохтори варзишӣ дар вилоят сол аз сол беҳтар гардида, дар асоси нақшаи алоҳида давоми соли 2024, садҳо майдончаҳои варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохта, ба истифода дода мешавад.
Боиси таъкид аст, ки дар байни намудҳои варзиш футбол яке аз муҳимтарин василаи муттаҳидсозандаи халқу миллатҳои гуногун ба ҳисоб меравад. Бо назардошти нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ соли равон пешниҳоди Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатъномаи махсус ва ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, 25 май - Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардид.
Мо аз он ифтихор мекунем, ки боз як ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол дар арсаи байналмилалӣ якдилона пазируфта шуда, барои таҳкими рӯҳияи сулҳ, ҳамфикрӣ, ҳамкории байналхалқӣ, дӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ дар байни кишварҳои олам мусоидат хоҳад намуд.
Баргузории мусобиқаву чорабиниҳои гуногунсатҳи варзишӣ, сафарбаркунии варзишгарон ба мусобиқаҳо, пешбинӣ намудани имтиёзҳо ба варзишгарон ва бахусус ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе таҳти унвони “Миллати ҷисман солим, рӯҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст!” баргузор гардидани машқҳои пагоҳирӯзӣ ва роҳгардӣ намунаи баланди фаъолияти шоиста дар ин раванд маҳсуб меёбад. Варзишгарони номдори вилоят Комроншоҳи Устопириён, Довуд Махкамов, Хусравхон Раҳимов, Александр Пронженко, инчунин варзишгарони ҷавону умедбахш Муинхӯҷа Мансуров, Фирӯза Баҳодурова ва дигарон дар мусобиқаҳои бонуфузи байналхалқӣ ба гирифтани медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ мушарраф гардиданд, ки намунаи равшани пайравӣ ва ибрати варзишгарони, наврасу ҷавон маҳсуб меёбанд.
Қобили зикр аст, ки соли равон дар чорабиниҳои варзишӣ 450 медал, аз ҷумла 135 медали тилло, 155 медали нуқра ва 160 медали биринҷӣ насиби варзишгарони вилоят гардид.
Раиси вилоят ба ҷавонони саодатманди кишвар саломативу сарбаландӣ орзу карда, изҳори боварӣ намуд, ки ҷавонон минбаъд низ дар пешрафти ҷомеа саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Сипас, аз ҷониби аҳли фарҳанги вилоят барномаи рангини консертӣ пешниҳод гардид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд