Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол бозии рафиқона баргузор гардид

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки 25 май таҷлил мегардад, миёни кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бозии рафиқона баргузор шуд. 

Дар бозии рафиқона, ки дар шоми дирӯз дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" - и шаҳри Хуҷанд доир шуд, роҳбарият ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иштирок намуданд.

Қабл аз оғози бозӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон тӯб тӯҳфа намуда, аз онҳо даъват кард, ки мунтазам ба варзиш машғул шаванд.

Ёдовар бояд шуд, ки 7 май Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаро дар бораи эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд, қабул намуд.

Дар қатънома аҳамияти дар руҳияи сулҳ, ҳамфикрӣ, ҳамкории байналхалқӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе ҳеҷ гуна табъиз гузаронидани чорабиниҳои бузурги варзишӣ таъкид шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд