18 май дар толори Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ ҷаласаи навбатии Шўрои кор бо ҷавонони назди Раиси вилоят баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзои Шўро, ҷавонони фаъол, гирандагони стипендияҳо, ғолибони озмуну мусобиқаҳои дохиливу байналмилалӣ, варзишгарон, намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо ҷавонон нахуст фарорасии Рўзи ҷавонони Тоҷикистонро табрик гуфта, қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар, ҷои кор гардидани онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Тазаккур дода шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ зарурати ногузири ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавононро пазируфтааст.
Баъди 6 моҳи соҳиб гаштан ба Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштани қонуни асосии ҷавонон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” аз 13 марти соли 1992 далели ин гуфтаҳо мебошад.
Дар марҳилаҳои минбаъдаи рушди давлатдорӣ ва таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, Консепсияву стратегияи давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷомеа, қабул ва амалигардонии як қатор барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқотҳои пайваставу мунтазами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо, аз қабили стипендияҳои Президентӣ, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, дар зинаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангӣ, мавзеву гулгаштҳои фароғатӣ ва бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз бо талаботи замони муосир дастовардҳои беназиртарину нотакрор дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар мебошад.
Яке аз иқдомҳои саривақтии Роҳбари давлат бо мақсади боз шам дар сатҳи шоиста ва саривақтӣ баррасӣ ва ҳал кардани масъалаҳои марбут ба ҷавонон таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар воқеъ, таъсиси Шўрои мазкур дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин раванд таъсиси Шўро дар сатҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо заминаи мусоид баҳри татбиқи иқдому ташаббусҳои наҷиби ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Донишманду босавод, соҳибфарҳангу хештаншинос ба камол расидани насли наврасу ҷавон дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати кишвар қарор дошта, бо ин мақсад бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст!”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман!” ва “Илм-фурӯғи маърифат” баргузор шуда истодаанд. Баргузории ин озмунҳо воқеан ҳам барои афзун гардондани майлу рағбати наврасону ҷавонон ба китобу китобхонӣ, таваҷҷуҳ ба арзишҳои волои миллӣ, дарёфти чеҳраҳои наву ҳунармандони варзида аз ҳисоби наврасону ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Ҳамасола хонандагону донишҷўёни муассисаҳои таълимии вилоят дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ иштирок ва мақоми намоёнро сазовор мегарданд.
Аз ҷумла, дар соли хониши 2022-2023, 185 нафар хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва мактаби Президентӣ аз рӯи фанҳои таълимӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, 70 нафари онҳо ба гирифтани ҷойҳои фахрӣ ноил гардиданд.
Раиси вилоят бо таҳлили вазъи соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини иҷрои сифатноки дурнамои соҳа ва барномаҳои давлатӣ супоришҳои мушаххас дод.
Ба масъулин барои баргузории озмунҳо доир ба баланд бардоштани сатҳи тарбияи ватандўстии ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи корҳои илмӣ - тадқиқотӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ намудани онҳо, ба роҳ мондани бозомўзии кадрҳои омўзгорӣ, такмили базаи моддию техникӣ, беҳтар намудани сифати фаъолияти илмии устодон, беҳтар намудани шароити иҷтимоии донишҷўён, ҷоннок намудани фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ - созмони ҷавонон, шўрои духтарон, мунтазам ба роҳ мондани робита бо падару модарони донишҷўён, барқарор, таъмиру тармим ва ба истифода додани марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳо, таъмини оммавияти варзиш ва афзоиши теъдоди мусобиқаҳои варзишии даставӣ байни донишҷўёну хонандагон, ҷавонону занон, вусъат додани кор дар самти таъмир, бунёд, эҳё, таҷдиди майдонча ва толорҳои варзишӣ дар маҳалли истиқомат, муассисаҳои таълимӣ, идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ дастур дода шуд.
Дар ҷаласа ҳамзамон сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов доир ба вазъи соҳаи ҷавонон ва варзиш гузориш дода, як қатор ҷавонони фаъол барои дастгириҳои доимӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят изҳори сипос намуда, таклифу пешниҳодҳои худро ироа доштанд.
Дар охир ба як гурӯҳ ҷавонони фаъол - намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят туҳфаҳои Раиси вилоят супорида шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд