Мулоқоти Раиси вилоят бо наврасону ҷавонон дар ноҳияи Деваштич

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳоти Муҷун бо футболбозони ҷавон суҳбат намуд.

Раиси вилоят аснои суҳбат иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи варзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои ҷавонону наврасон шароити мусоид фароҳам овардааст. Ҷавонону наврасонро зарур аст, ки мунтазам ба варзиш машғул шуда, барои баланд бардоштани номи Ватанамон талош намоянд. 

Таъкид гардид, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба рушди футбол дар мамлакат диққати махсус дода мешавад.

Маҳз бо пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаро дар бораи эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол қабул намуд, ки ин боиси ифтихор аст. 

Ҷавонону наврасон изҳор доштанд, ки барои таъмини солимии худ ва иштироку ғолибият дар мусобиқоти байналмилалӣ ва минтақавӣ доимо ба варзиш машғул мешаванд. 

Сипас, роҳбари вилоят аз ҳоли собиқадорони меҳнат Нортоҷӣ Ҷабборқулова ва Рӯзиҷон Сиддиқова хабар гирифта, ба онҳо кумакҳои молӣ расонид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд