Дар вилояти Суғд Фестивал-намоиши чорвои зотӣ баргузор гардид, ки дар он чорводорон беҳтарин навъҳои чорворо ба намоиш бароварданд.
Ҳадаф аз баргузории “Фестивал-намоиши чорвои зотӣ”, ин пеш аз ҳама зиёд намудани саршумори чорвои хушзот, баланд бардоштани маҳсулнокии чорво ва дар ин замина мусоидат намудан дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифату рақобатпазири ватанӣ мебошад.
Соҳаи чорводорӣ яке аз манбаъҳои асосии таъминкунандаи аҳолӣ бо гўшт, шир, тухм, гўшти моҳӣ ва асал ба ҳисоб рафта, барои нигоҳ доштани захираҳои ирсӣ, зиёд намудани чорвои зотӣ, тухми инкубатсионӣ, моҳии хушзот, занбўри асал, инчунин ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад.
Аз ин лиҳоз, бо мақсади амалигардонии рушди устувори соҳаи чорводорӣ ва мусоидат намудан дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифату рақобатпазири ватанӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи маҷмўавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” аз 1.03.2023 №52 қабул гардид, ки он ба рушди минбаъдаи соҳаи чорводорӣ, баланд бардоштани маҳсулнокӣ, зиёд намудани саршумор ва истеҳсоли маҳсулот, таъмини аҳолӣ бо гўшт, шир, тухм, гўшти моҳӣ, асал ва ба роҳ мондани истеҳсолоти маҳсулоти воридотивазкунанда мусоидат менамояд.
Дар вилоят ҷиҳати таъмини иҷрои “Барномаи маҷмўавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” бунёд ва барқароркунии фермаҳои чорвопарварӣ, корхонаҳои парандапарварӣ, ташкили ҳавзҳои моҳипарварӣ, инчунин рушди соҳаҳои занбўрисалпарварию қутоспарварӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Боиси таъкид аст, ки ба ҳолати 1 ноябри соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят саршумори чорвои калон ба 755 ҳазору 769 сар, чорвои майда 1,8 миллион сар, паранда 5,7 миллион сар ва асп 9 ҳазору 119 сар расонида шуд, ки дар муқоиса нисбати нишондоди ҳамин давраи соли 2022-ум мутаносибан чорвои калон 31 ҳазору 888 сар, моли майда 84 ҳазору 788 сар ва асп 296 сар зиёд гардидааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Фестивал-намоиши чорвои зотӣ боздид карда, барои таъмини рушди соҳаи чорводорӣ ба масъулин супоришҳо дод.
Ҳамзамон ба як қатор чорводорони беҳтарини шаҳру ноҳияҳои вилоят туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд