Дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи хизматрасонии “Анситу” ифтитоҳ гардид

Имрўз дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи хизматрасонии тарабхонаи туркии “Анситу” ифтитоҳ гардид.

Дар маросими ифтитоҳи он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Маҷмааи нави хизматрасонии тарабхонаи туркии “Анситу” аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар як вақт ба зиёда аз 300 нафар хизмат расонида мешавад. Дар ин маҷмаа беш аз 50 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, ки ба истиқболи 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилоят бунёду азнавсозии ҳазорҳо иншооти таъиноташ гуногун бомаром идома дорад.

Дар доираи дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат соҳибкорони ватанӣ дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ саҳмгузор ҳастанд.

Сипас, ба муносибати 32 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беш аз 80 нафар наврасони ятиму бепарастор аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастрахони идона густурда шуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Масъулини ширкати “Анситу” таъкид намуданд, ки дар оянда низ барои босифат пеш бурдани фаъолият, ба роҳ мондани хизматрасонии ҷавобгӯ ба талаботи замон ва ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ аз тамоми имконоту василаҳо истифода менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд