Дар ноҳияи Мастчоҳ сохтмони иншооти ҷашнӣ идома дорад

14 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ бо сохтмони коргоҳи пойафзолдӯзӣ шинос гардид.

Коргоҳи мазкур дар доираи тадбирҳои бунёдкориву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон коргоҳи кафшдӯзии ҶДММ “Ҳаётулло” бунёд гардида истодааст. Он аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Иноятулло Иноятов сохта шуда, бо дастгоҳҳои муосири сохти Чин муҷаҳҳаз мегардад.

Бинои коргоҳ аз ду ошёна ва як таҳхона иборат аст. Тибқи нақша баробари ба фаъолият оғоз кардан ба корхона то 20 нафар занону духтаронро ба кор ҷалб хоҳанд шуд.

Иқтидори истеҳсоли корхона дар як моҳ беш аз 10 ҳазор ҷуфт кафшро ташкил медиҳад, ки асосан барои мактаббачагон пешбинӣ шудааст.

Маҳсулоти истеҳсолии коргоҳ дар баробари таъмини фармоиш, ҳамчунин ба дигар бозорҳои кишвар низ интиқол дода хоҳанд шуд.

Раиси вилояти Суғд зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонии коргоҳи пойафзолдӯзӣ барои тақвияти корҳои сохтмонӣ, ба кор ҷалб намудани ҷавонони бешуғл ва зиёд намудани ҷойҳои корӣ дастуру супоришҳо дод.

Сипас, роҳбари вилоят дар деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ сохтмони майдони варзишӣ, ҳаммом, чойхона ва дигар иншооти муҳимро, ки бо иқдоми​ соҳибкор Маликарбоб Шодмонов сохта шуда истодааст, мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд