3 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Исфара бо роҳбарияти шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот, фаъолону соҳибкорон мулоқот намуд.
Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баҳри таъмини рушди соҳаи саноат таъкид кард, ки дар Исфара, ки ҳамчун шаҳри саноатӣ машҳур аст, имкониятҳо фаровон буда, иқтидорҳои истеҳсолӣ самаранок истифода бурда шавад.
Гуфта шуд, ки саҳми соҳибкорони Исфара дар рушди соҳаҳои гуногуни шаҳр назаррас буда, захираву имкониятҳо бояд омӯхта шуда, бо назардошти талаботи бозор корхонаҳои нав ташкил карда шавад.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон ба масъулин барои амалисозии чорабиниҳои марбут ба рушди соҳаи саноат ва бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, ташкили 100 гектар боғҳои нав дар ҷамоатҳои деҳот, тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз, дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, ғамхорӣ нисбат ба ятимону камбизоатон дастуру супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд