Шиносоӣ бо сохтмони иншооти соҳаи маориф дар шаҳри Исфара

3 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аснои сафари корӣ ба шаҳри Исфара бо сохтмони иншооти соҳаи маориф шинос шуд.

Калонтарин иншооте, ки имрўз сохтмонаш дар шаҳри Исфара ба анҷом раисда, рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад, ин Мактаби байналмилалии «Контакт » мебошад. Муассисаи нави таълимӣ тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Исроилҷон ва Нарзуллоҷон Улмасовҳо сохта шуда, барои 1200 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Иншоот дар маркази шаҳр басо боҳашамат қомат афрохта, аз 5 бино, аз ҷумла ду бинои таълимӣ бо 40 синфхонаи фаннӣ, як бинои маъмурӣ бо ҳуҷраҳои барҳаво, маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст, ошхона, толори варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар таҳхонаи бинои асосии муассиса синфхонаҳои касбу ҳунаромўзӣ ташкил карда мешавад. Лоиҳаи иншооти нави таълимӣ аз ҷониби КВД «Лоиҳакаш»-и шаҳри Исфара таҳия гардида, маблағи лоиҳавӣ барои сохтмону муҷаҳҳазгардонӣ 30 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар мактаб беҳтарин шароити таълим, ки ҷавобгў ба стандарти байналмилалии соҳаи маориф мебошад, фароҳам оварда мешавад. Синфхонаҳои фаннию таълимӣ ва дигар ҳуҷраҳои иншоот бо таҷҳизоти навтарини соҳа ҷиҳозонида шудааст. Хонандагон на танҳо аз шаҳри Исфара, балки аз ҳамаи гўшаву канори мамлакат ва ҳатто аз ҳамсоякишварҳо ва дигар кишоварҳои хориҷӣ дар ин муассиса ба таълим фаро гирифта мешаванд.

Сипас, роҳбари вилоят бо сохтмони кӯдакистони наву замонавӣ ошно гардид. Бо иқдоми собиқадори соҳаи маориф Рисолатхон Яҳёева дар шаҳр як кӯдакистони нав қомат афрохтааст, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани он 120 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Тибқи маълумоти Раёсати маорифи шаҳри Исфар дар шаҳр 30 муассисаи томактаби фаъолият дошта, 4,5 ҳазор кӯдак дар кӯдакистонҳо таълиму тарбия мегиранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд