Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Исфара Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадори меҳнат Муҳибатхон Ҷалилова ва маъюби гуруҳи дуюм Фотима Дадабоеваро аёдат карда, онҳоро ба муносибати Рӯзи Модар табрик намуд.
Қайд карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону бонувонро нерўи созандаи ҷомеа арзёбӣ кардаанд ва имрӯзҳо занон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ кору фаъолият мекунанд.
Дар баробари ин, давлату Ҳукумат барои дастгирии доимии қишри ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла беморону камбизоатон тадбирҳои муассирро амалӣ менамояд.
Боиси таъкид аст, ки Муҳибатхон Ҷалилова собиқадори соҳаи хоҷагии коммуналии шаҳри Исфара буда, 38 сол дар ин соҳа кор кардааст. Фотима Дадабоева бошад маъюби гуруҳи дуюм аст ва соҳиби як фарзанд мебошад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд