Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сокинони шарафманди вилоят самимона табрику таҳният гуфта, дар амалӣ намудани нақшаву ниятҳои неку созанда ба хотири рушду шукуфоии кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол дастоварду муваффақиятҳои арзанда таманно менамоям.

Дар Панҷакент ба масъулин ҳафт электромобили хизматӣ супорида шуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент дар маросими супоридани автомашинаҳои хизматӣ иштирок намуда, калиди 7 электромобилро ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим кард.

Дар Панҷакент бунёди иншооти соҳаи сайёҳӣ вусъат меёбад

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент бо фаъолияти гармхонаҳо ва рафти бунёди иншооти хизматрасонию сайёҳӣ шинос шуда, ба масъулин ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дастуру супоришҳо дод.

Дар Панҷакент сохтмони як қатор иншооти иҷтимоӣ идома дорад

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент бо рафти сохтмони як қатор иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва иҷтимоӣ шинос шуда, ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайян ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳо дод.