Хабарҳо
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Мардумии Чин Вэй Фэнхэро ба ҳузур пазируфтанд - 27.07.2021 15:30
Нишасти матбуотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода - 26.07.2021 14:52
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ - 25.07.2021 10:18
Панҷакент. Раҷаббой Аҳмадзода ба пайвандони нафарони ҳалокшуда изҳори тасаллият кард - 24.07.2021 15:16
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Айнӣ - 24.07.2021 15:02
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ баҳри дифои Ватан сина сипар хоҳанд кард - 22.07.2021 11:37
Санҷиши омодабошии ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарони эҳтиётӣ дар Бӯстон - 22.07.2021 11:36
Барқияҳои изҳори тасаллӣ аз сарони як қатор давлатҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон - 22.07.2021 11:27
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳайати шахсии захираҳои сафарбариро санҷиданд ва дар гузашти низомии афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ иштирок намуданд - 22.07.2021 11:24
Ашт. Иштироки беш аз 1500 нафар дар санҷиши омодагии ҷангӣ - 22.07.2021 10:13

Баргузории машқҳои низомии Минтақаи мудофиаи ҳудудии №3

( 0 Овоз )

21 июли соли 2021 дар қисми низомии 14356 машқҳои Минтақаи мудофиаи ҳудудии №3 доир шуд.

Раиси вилояти Суғд, сардори Минтақаи мудофиаи ҳудудии №3 Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок ва суханронӣ дар ҷамъомад иброз дошт, ки тибқи нақшаи кории Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 гузаронидани машқҳо дар ҳудуди вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта ба нақша гирифта шудааст.

Ҳадафи баргузории чорабинии мазкур пеш аз ҳама санҷиши омодабошии ҷангӣ, сафарбарӣ ва мудофиаи ҳудудӣ, ҳамзамон сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагон, ҳамоҳангии сохторҳои низомии вилоят дар сурати ба вуқўъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дурусти амалиётӣ-тактикӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии рўҳиву равонӣ ва қобилияти ҷангиву ҷисмониродар бар мегирад.

Таъкид карда шуд, ки бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нерӯи пурқудрати ҳимоятгари давлату халқи Тоҷикистон табдил ёфта, имрўз қодиранд, манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоя  намоянд. Тадриҷан беҳтар шудани таъминоти қисмҳои низомӣ, шаклан ва мазмунан тағйир ёфтани ҷараёни корҳои тарбиявию сиёсӣ, мунтазам гузаронидани машқҳои ҳарбӣ боиси рўз аз рўз афзудани маҳорати касбию ҷангии сарбозон мегарданд.

Таҳлили вазъи минтақа ва ҷаҳон, фаъол гардидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷинояткори фаромиллӣ тақозо менамояд, ки ҳар як сарбозу афсари бонангу номус ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ба хотири ҳимояи хоки муқаддаси Ватани азизамон вазифаҳои хизматии худро содиқона ва бо эҳсоси баланди ватандорӣ иҷро намояд.

Раиси вилоят ҳамзамон афсарону сарбозонро ба муносибати сиюмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон табрик карда, ба онҳо саодати рўзгор, саломатии бардавом, барору комгорӣ, осмони соф ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуд.

Сипас, гузашти низомии ҷузъу томҳои гарнизони Суғд сурат гирифт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навид Баргузории машқҳои низомии Минтақаи мудофиаи ҳудудии №3