Хабарҳо
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Шифохонаи марказии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро дар ноҳияи Сино ифтитоҳ намуданд - 29.09.2020 16:27
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Клуби варзишии «Парвиз Собиров»-ро дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 29.09.2020 16:24
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд - 29.09.2020 16:18
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти томактабии «Хуршеди Тоҷикистон» барои 600 ҷойро дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор доданд - 29.09.2020 16:12
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бинои баландошёнаи истиқоматӣ ифтитоҳ намуданд - 29.09.2020 16:08
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 29.09.2020 11:01
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ - 29.09.2020 10:53
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят як қатор озмунҳои вилоятӣ эълон менамояд - 29.09.2020 08:51
«Зан ва интихобот: «Ояндаро бо ҳам месозем» - баргузории мулоқоти судманд бо ҳузури бонувони фаъол - 29.09.2020 08:33
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 29.09.2020 08:28

Мулоқоти Раиси вилоят бо сокинону фаъолони Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

( 0 Овоз )

Масъалаи пешгирии интиқоли бемории коронавирус ва пурзур намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба ин беморӣ дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ин нуктаро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар мулоқот бо сокинону фаъолони Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баён дошт.

Хотиррасон мешавем, ки бо мақсади пешгирӣ аз интиқоли коронавирус силсилаи мулоқоту суҳбатҳо бо аҳолии наздимарзӣ ҷараён дорад ва тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегардад, то сироятёбии шаҳрвандон ба бемории коронавирус пешгирӣ карда шавад.

Зимни мулоқот Раиси вилоят дар мавриди тадбирҳои иловагӣ барои мубориза бо коронавирус, фаъолияти ситоди вилоятӣ оид ба пешгирии интиқоли коронавирус, захираи маводи тиббӣ, ҳолати имрӯзаи муассисаҳои тандурустӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳори назар намуд. Гуфта шуд, ки фаъолияти ситоди вилоятӣ зери назорати Раиси вилоят қарор дошта, то имрӯз маводи безараргардонӣ, ниқобҳои тиббӣ, либосҳои муҳофизатӣ, дорувории зиддивирусӣ захира карда шудааст. Ба андешаи роҳбари вилоят хуруҷи бемории коронавирус дар кишварҳои олам аз ҳар нафар масъулияти бештарро тақозо мекунад. Ба хусус аҳолии наздимарзӣ дар ин ҷода масъулияти бештар доранд. Зеро минтақаҳои наздисарҳадӣ мавзеъҳои осебпазир ба шумор мераванд ва мардум бояд аз сари эҳтиёт кор бигиранд.

Дар робита ба ин Раҷаббой Аҳмадзода масъулинро вазифадор намуд, ки дар байни аҳолии наздимарзӣ, ба хусус деҳоти Овчиқалъача корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳиро бештар ба роҳ монанд. Яъне мардум дар ҳеҷ сурат хатти сарҳадро бояд убур накунанд ва аз ҳама муҳим муқаррароти мавҷударо риоя намоянд. Дар сурати муборизаи дастаҷамъӣ хатари интиқоли бемории коронавирус пешгирӣ карда мешавад. Ҳар нафарро зарур аст, ки нисбати саломатии худу атрофиён бефарқ набошад. Як амали ноҷо, як иштибоҳи кучак саломатии миллати моро зери хатар мебарад. Мардуми наздимарзӣ вазифадоранд аз амалҳое, ки хатари интиқоли коронавирусро дар пай дорад, даст кашанд. Дар сурати убуру мурур намудани хати сарҳад шаҳрвандон ба карантин фаро гирифта мешаванд.

Дар мулоқот ҳамчунин роҳбарони Раёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Раёсати тандурустии вилояти Суғд ба сухан баромада, аз сокинон даъват намуданд, ки ҳамкориро бо сарҳадбонон ба роҳ монда, муқарраротро риоя ва хатти сарҳадро дар ҳеҷ сурат убур накунанд.

Зикр карда шуд, ки гузаргоҳҳои сарҳадӣ зери назорат қарор дорад ва хушбахтона барои ошкор намудани ҳолатҳои убури марз сокинон ба сарҳадбонон кӯмак намуда истодаанд. Бо кӯмаки мардум як нафаре, ки мехост бо чапроҳа вориди ноҳия гардад, маълум карда шуда, ба карантин фаро гирифта шуд.

Дар анҷоми мулоқот Раиси вилоят барои пурзӯр намудани назорат ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Раиси вилоят бо сокинону фаъолони Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров