Ҳамасола 22 – юми декабр дар кишвари азизамон рӯзи энергетикҳо таҷлил мегардад. Ба ин муносибат ҳамаи кормандони ин соҳаи муҳимро табрику таҳният менамоям.
Паёму табрикот
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- 23.11.2017 10:16
- Азназаргузарониҳо: 3134
Ҳамдиёрони гиромӣ,
Парчам яке аз рамзҳои муҳими давлати соҳибистиқлоли мо ба шумор рафта, аз замонҳои қадим нишонаи ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату ягонагӣ ва шукӯҳу ифтихор дониста мешавад. Дар парчами миллату давлатҳои олам нишонаҳои арзишманди фарҳанг ва роҳи таърихии тайкардаи ӯ таҷассум меёбанд.
Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- 01.11.2017 14:29
- Азназаргузарониҳо: 3525
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Дар таърихи давлати соҳибистиқлоламон ҳамасола санаи 6-уми ноябр ҳамчун рӯзи қабули санади сарнавиштсози давлату миллат – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботананта таҷлил мегардад.
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди Меҳргон
- 13.10.2017 09:41
- Азназаргузарониҳо: 3058
Ҳамдиёрони азиз!
Чун анъана ҳар сол тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” иди ниёгонамон Меҳргон якшанбеи сеюми моҳи октябр дар қаламрави вилоят ботантана ҷашн гирифта мешавад.
Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи соҳибкорон
- 12.10.2017 13:20
- Азназаргузарониҳо: 3088
Соҳибкорони гиромӣ,
Таҷлили Рӯзи соҳибкорон дар вилоят дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастовардҳои назарраси меҳнатии аҳли ҷомеа, бахусус соҳибкорон, ки ба сӯи ояндаи нек қадамҳои боэътимод мегузоранд, қайд карда мешавад.