Модарон ва хоҳарони арҷманд!
Ба муносибати Рӯзи Модар, ки аз омадани зеботарин фасли табиат - баҳори нозанин башорати неку саодатмандӣ медиҳад, самимона таҳният гуфта, бароятон бахту иқболи бардавом, саодати ҳамешагӣ, хушиҳои рӯзгор ва нишоти умрро таманно менамоям.
Соли панҷум аст, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба хотири эҳёи яке аз қадимтарин ҷашнвораҳои миллати мо ва гиромидошти занону модарон дар айёми баҳору эҳёшавии табиат - Рӯзи Модар дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Таҷлили сазовори ин рӯзи муборак рисолати ҷомеаро дар муносибат ба эҳтироми модарону хоҳарони арҷманд таъкид намуда, гувоҳи эътибору манзалати волои бонувон дар ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.