Хабарҳо
Илм ва инноватсия дар низоми татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллӣ - 23.04.2021 16:35
БИҲИШТЕ ДАР МАСИРИ РУШД - 23.04.2021 10:31
АЁДАТИ ОИЛАҲОИ МАЪЮБ ВА НИЁЗМАНД - 23.04.2021 10:29
ДДХ: НАТИҶАГИРӢ АЗ КОНФЕРЕНСИЯҲОИ ИЛМӢ - 23.04.2021 10:29
Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилоят - 23.04.2021 10:25
Миёни минтақаҳои вилоятҳои Суғд ва Фарғона меморандуми ҳамкорӣ имзо шуд - 22.04.2021 19:05
Мулоқоти сеҷонибаи раисони вилоятҳои Суғд, Фарғона ва Ботканд - 22.04.2021 17:19
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф овард - 22.04.2021 11:24
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар семоҳаи аввали соли 2021 - 20.04.2021 18:12
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк - 20.04.2021 14:09

Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи кормандони роҳи оҳан

( 0 Овоз )

Ҳамасола 17 август дар ҷумҳурӣ Рӯзи кормандони роҳи оҳан таҷлил мегардад ва ба ин муносибат кулли кормандони соҳаро табрику муборакбод менамоям.

Самараи талошҳои ҳамарӯзаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯзҳо дар кишвари маҳбубамон фазои сулҳу оромӣ танинандоз буда, мардуми кӯҳанбунёду тамаддунофарини тоҷик ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонию кабудизоркунӣ камари ҳиммат бастаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳа таваҷҷӯҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд, зеро роҳи оҳан дар таҳкими рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва равобити иқтисодию фарҳангӣ бо давлатҳои дуру наздик нақши калидиро мебозад.

Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо татбиқи лоиҳаи сохтмони хатти роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон оғоз гардида, амалӣ гардидани он имконият фароҳами меорад, ки фазои сармоягузории кишвар беҳтар гардида, пайваст шудан ба шабакаҳои байналмилалии нақлиётӣ, инкишофи бозори дохилӣ ва ба афзоиши ҳаҷми хизматрасониҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

Боиси ифтихор аст, ки дар арафаи Наврӯзи имсола бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гузаргоҳҳои байни ду кишвари ба ҳам дӯст, роҳи оҳани Хушодӣ – Амузанг кушода гардида, муносибатҳои дуҷониба аз нав барқарор гардид.

Итминони комил дорам, ки кормандони соҳа ҷавобан ба ин ғамхориҳои давлату Ҳукумат дар амалӣ намудани ҳадафҳои омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошта сарбаландона баромада, минбаъд низ бо дарки баланди масъулиятшиносию худогоҳӣ, дар баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода мебаранд ва дар ободонию пешрафти кишвари азизамон ҳиссаи босазои худро мегузоранд.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба кулли кормандони роҳи оҳан ва ҳамаи онҳое, ки пешрафти соҳаро таъмин менамоянд, саломатии бардавом, ободии рӯзгор ва барору комёбиҳои меҳнатӣ таманно менамоям.

Иди касбӣ муборак, дӯстони азиз!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи кормандони роҳи оҳан