Хабарҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд рафт - 23.05.2020 17:34
Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи аввал баргузор гардид - 23.05.2020 17:26
Cитоди вилоятии назди Раиси вилоят бо иштироки муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 - 23.05.2020 16:09
Ҳамроҳ Тоҳироваи 100 сола: “То саҳар дуо мекунам, то ин ки короновирус аз сарзамини мо нест шавад” - 22.05.2020 19:21
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар остонаи Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 16:49

Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи кӯҳансолон

( 0 Овоз )

Ҳамдиёрони азиз,

Санаи 1 октябр дар кишвари озоду ободу мо Рӯзи кӯҳансолон таҷлил карда мешавад. Гиромидошти ин санаи фархунда, арҷ гузоштан ба зиндагии насли калонсол, падару бобоёнамон, ки имрӯзҳо ба мактаби бузурги зиндагӣ, таҷрибаи бою рангини ҳаёт барои насли ҷавон табдил ёфтааст, маҳсуб меёбад.

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насли калонсол ба ғамхорию дастгирии ҳамаҷониба фаро гирифта шуда, чун меросбари кори ниёгонамон ҳурмату эҳтироми онҳо ба ҷо оварда мешавад.

Зиндагиномаи кӯҳансолон барои насли наврас ва ҷавон мактаби бузурги омӯзиш дар кору фаъолияти зиндагӣ аст. Зеро, маҳз насли калонсол бо корнамоиҳои ватандӯстона, хайрхоҳонаи худ барои мо шароити арзандаи зиндагиро фароҳам оварда,  барои ба камол расонидани фарзандони солеҳу бомаърифат, ободоии ватану диёри хеш роҳи зиндагиро тай намудаанд.

Имрӯзҳо дар байни мо шахсиятҳои барҷаставу ботаҷриба, собиқадорони гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқ, ходимони ҳизбиву давлатӣ, илму фарҳанг, қаҳрамонони ҷангу меҳнат зиндагӣ доранд, ки то ҳол аз панду андарзҳои онҳо васеъ истифода бурда мешаванд. Меҳнатдӯстиву садоқати онҳо дар ободии ватан, корҳои ҷамъиятӣ то ба ҳанӯз намунаи ибрату омӯзиш буда, ҷавононро ба роҳи рост, пиндори неку гуфтори нек ҳидоят менамоянд.

Давлату Ҳукумат пайваста бобати баланд бардоштани ҳаҷми нафақа, кӯмакҳои яквақтаи молиявӣ дар иду айём, ба роҳ мондани имтиёзҳои дахлдор нишони муносибати ғамхорона ба насли рӯзгордидаи ҷомеа мебошад.

Хеле рамзист, ки ҷашни имсолаи Рӯзи кӯҳансолон дар соли таҷлили 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад.

Пирони барнодили вилоятро бо Рӯзи кӯҳансолон самимона табрику муборакбод намуда, барояшон сиҳату саломатӣ, умри бардавом ва ҳамаи хушиҳои зиндагиро таманно дорам.

Бигзор онҳо ҳамеша гули сари сабади аҳли ҷомеа ва дуогӯву маслиҳатгари мо бошанд.

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи кӯҳансолон