Хабарҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд рафт - 23.05.2020 17:34
Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи аввал баргузор гардид - 23.05.2020 17:26
Cитоди вилоятии назди Раиси вилоят бо иштироки муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 - 23.05.2020 16:09
Ҳамроҳ Тоҳироваи 100 сола: “То саҳар дуо мекунам, то ин ки короновирус аз сарзамини мо нест шавад” - 22.05.2020 19:21
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар остонаи Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 16:49

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ

( 1 Овоз )

22 - сентябр аҳли ҷомеа хотираи Сардафтари адабиёти тоҷику форс, Одам-уш-шуаро, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро гиромӣ медоранд.

Таҷлили Рӯзи устод Рӯдакӣ башоратгари ифтихор аз фарзанди бузурги миллати тоҷик аст, ки дар осмони назми ҷаҳони мутамаддин дурахшонтарин ситора маҳсуб ёфта, эҷодиёташ барои тарбияи маънавиёту инсонгароӣ, ҳисси ватандӯстӣ, хештан-шиносиву худогоҳӣ ва ҳуввияти миллии насли наврас ва ҷавон манбаи беназир аст.

Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо ҳидоят ва ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҷодиёти ин нобиғаи оламшумул равшану возеҳтар барои наслҳои имрӯз боз ҳам ҷилвагар гашт.

Мавзӯъҳои сулҳу ваҳдат, бародарию мардонагӣ бо сурудаҳои устод Рӯдакӣ чун рукни асосии зиндагӣ соддаю зебо ва олӣ садо додаанд, ки то замони мо ба шиори ҳамдигарфаҳмию ҳамзистии халқҳо ва умуман мардуми олам табдил ёфтаанд.

Эҷодиёти устод Рӯдакиро мутолиа намуда, то ҳол гумон мекунем, ки он барои имрӯз офарида шудааст.

Назми устод Рӯдакӣ пайвандгари қалбҳост, ки беш аз ҳазор сол инҷониб дар замири аҳли ҷомеа маскан гирифта, чун тарғибгари дӯстиву рафоқат ва мардонагиву садоқат ба башарият хизмат менамояд.

Хеле рамзист, ки имсол бузургдошти Рӯзи Рӯдакӣ ба соли ҷашни 20-солагии Конститутсияи (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷи-кистон рост омад.

Бо ифтихор аз мероси бузурги Рӯдакӣ  аҳли фарҳангу эҷод, кулли адибон, қаламкашону эҷодкорон ва ихлосмандони адабиёти пурғановати тоҷикро, ки анъанаҳои беҳтарини аҷдодонро идома медиҳанд, бо ин рӯзи саид табрику муборакбод намуда, барояшон барору комёбиҳо ва парвози баланди эҷодӣ таманно дорам.

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ