Хабарҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд рафт - 23.05.2020 17:34
Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи аввал баргузор гардид - 23.05.2020 17:26
Cитоди вилоятии назди Раиси вилоят бо иштироки муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 - 23.05.2020 16:09
Ҳамроҳ Тоҳироваи 100 сола: “То саҳар дуо мекунам, то ин ки короновирус аз сарзамини мо нест шавад” - 22.05.2020 19:21
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар остонаи Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 16:49

Табрики Раиси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи мелиораторон

( 0 Овоз )

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Ҳар сол санаи 13 сентябр дар қаламрави кишвари соҳибистиқлоламон «Рӯзи мелиораторон» бо тантана таҷлил карда мешавад.

Дар солҳои истиқлолият кормандони соҳаи мелиоратсияи вилоят, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар назди соҳа гузошташуда, аз ҷумла пешбурди сиёсат дар соҳаи об, муташаккилона гузаронидани мавсими обдиҳӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, аз худ намудани заминҳо камари ҳиммат баста, муташаккилона меҳнат намуданд.

Бо ифтихор метавон қайд намуд, ки тавассути талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, имрӯз Тоҷикистон кишвари пешбарандаи равандҳои ҷаҳонии об эътироф гаштааст. Аз ҷониби Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои Сарвари давлат оид ба эълон гаштани Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» (2005 – 2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва гузаронидани якчанд чорабиниҳои байналмилалии саҳти баланд оид ба масъалаҳои об дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе шаҳодати муваффақияти сиёсии кишвари мо дар ин самт мебошад.

Мелиораторони вилоят аз оғози соли равон баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои бузурги миллӣ, яъне 23-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқона меҳнат менамоянд.

Бо таманниёти нек ба кулли кормандони соҳаи мелиоратсия саломатӣ, хушрӯзиву хонаободӣ, сарбаландиву хушбахтӣ ва ба корҳояшон муваффақияту комёбиҳо таманно менамоям.

Иди касбӣ муборак!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи мелиораторон