Хабарҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд рафт - 23.05.2020 17:34
Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи аввал баргузор гардид - 23.05.2020 17:26
Cитоди вилоятии назди Раиси вилоят бо иштироки муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 - 23.05.2020 16:09
Ҳамроҳ Тоҳироваи 100 сола: “То саҳар дуо мекунам, то ин ки короновирус аз сарзамини мо нест шавад” - 22.05.2020 19:21
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар остонаи Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 16:49

Табрики Раиси вилоят ба муносибати 23-юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 0 Овоз )

Ҳамватанони азиз!

Истиқлолиятии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми кишвар арзиши муҳиму олӣ маҳсуб меёбад. Зеро даврони Истиқлолият, ки  марҳалаи аз нигоҳи таърих хеле кӯтоҳ, вале пур аз ҳаводису рӯйдодҳои муҳиму тақдирсози халқи мо мебошад, мақоми кишварро дар арсаи ҷаҳон ба шоистагӣ муайян сохт, Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ гардид, ҳамкориҳои самарабахши иқтисодӣ ва робитаҳои дипломатиашро бо бисёр кишварҳои ҷаҳон роҳандозӣ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолиятро неъмати бебаҳо, самараи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси кишвар арзёбӣ карда, таъкид мекунанд: «Истиқлолият барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандинасраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад».

Имрӯз давлат ва мардуми меҳнатқарини кишвар ҷиҳати таъмини иҷрои барномаҳои стратегии Истиқлолияти энергетикӣ, аз бумбасти комуникатсионӣ баровардани кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ саъю талоши зиёд доранд.

Боиси ифтихору сарбаландист, ки пиру барнои вилоят дар сафи пеши татбиқи ин барномаҳо мақом доранд. Имрӯз бо ҷаҳду талоши мардуми вилоят корҳои созандагиву ободкорӣ вусъати тоза мегиранд. Қомат афрохтани даҳҳо иншооти ҷашнӣ, обод гардидани садҳо километр роҳҳо, авҷи тоза гирифтани эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин замина бо ҷойҳои доимии корӣ таъмин гардидани ҳазорҳо мардуми бешуғл, ба фаъолият шурӯъ намудани даҳҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ башоратгари азму иродаи қавии аҳли вилоят ҷиҳати ба сарзамини ободу пешрафта табдил додани мамлакат, беҳдошти рӯзгори мардум аст.

Ҳамаи Шумо – сокинони вилоятро бо ҷашни мубораку муқаддаси давлатӣ – 23 солагии Истиқлолияти давлатӣ самимона табрик намуда, орзуманди он ҳастам, ки Истиқлолияти давлати тоҷикон то абад устувору поянда бошад, баракати ваҳдат, иродаи созанда, саодати бепоёни зиндагӣ насибатон гарданд.

Ҷашни Истиқлол муборак, ҳамдиёрони азиз!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят ба муносибати 23-юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон