Хабарҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд рафт - 23.05.2020 17:34
Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи аввал баргузор гардид - 23.05.2020 17:26
Cитоди вилоятии назди Раиси вилоят бо иштироки муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 - 23.05.2020 16:09
Ҳамроҳ Тоҳироваи 100 сола: “То саҳар дуо мекунам, то ин ки короновирус аз сарзамини мо нест шавад” - 22.05.2020 19:21
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар остонаи Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 16:49

Табрики Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи китоб

( 0 Овоз )

Ҳамдиёрони азиз!

Дар арафаи оғози соли нави хониш ва муқаддастарин ҷашнҳои миллӣ 23 – умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили Рӯзи китоб барои мардуми кишвар фоли нек ва сарчашмаи ифтихор аз илму адабиёт ва фарҳанги тамаддунофари халқи тоҷик маҳсуб меёбад.

Китоб аз нодиртарин мероси гузаштагони фарҳангпарварамон, маҳсуб меёбад, ки бо шарофати ин ганҷинаи беназир насли дирӯз, имрӯзу оянда аз олами пурасрори таъриху маънавиёт ва фарҳангу адабиёти нобиғаҳои арсаи ҷаҳон огаҳӣ меёбанд.

Тоҷикон аз замони бостон то ба имрӯз ба китоб чун ба як сарчашмаи дурру гуҳар ва рафиқу ҳамдами беминнат эҳтироми беандоза доранд ва боиси ифтихор аст, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба ин ганҷи пурқиммат аҳамияти хоса дода шуда, аҳли ҷомеа бо истифода аз китоб дар тарғиби олитарин ғояҳои инсондӯстиву ватандӯстӣ, дастовардҳои таърихӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ нақши муассир мегузоранд.

Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шинохти китоб ва осори пурғановати адибони гузаштаву муосир барҳақ зикр намудаанд: «Маҳз андешаҳои воло ва осори гаронбаҳои абармардони миллати мо буд, ки фарҳанг ва забони тоҷикӣ дар тӯли таърих бо вуҷуди он ҳама фишорҳои сиёсиву мафкуравии бегонагон мақом ва мартабаи худро дар тамаддуни ҷаҳонӣ нигоҳ доштааст. Аз ин оина пайдост, ки барои аҷдодони бонангу номуси мо мафҳумҳои Модар, Ватан, Истиқлол, Забон ва Фарҳанг ҳамеша ҳаммаъно буданд».

Баргузор гардидани «Корвони китоб» ва дигар чорабиниҳои ба он бахшидашуда, хазинаи китобхонаҳоро ғанӣ гардонида, дар ташаккули ҷомеаи мутараққӣ ва насли солим мақоми шоиста мегузорад.

Бо назардошти муҳимияти нақши китоб дар ҷомеа, такомули ҷаҳони маънавӣ ва тарғиби осори адибону донишмандони муосир дар чанд соли охир дар баробари бунёди китобхонаву мағоза ва нуқтаҳои фурӯши китоб бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят асарҳои илмиву адабӣ ва фарҳангиву таърихии як зумра олимону адибони вилоят дастраси хонандагон гардиданд, ки эҳсоси дӯстдории ватанро дар замири хонандагон дучанд менамояд.

Бо фарорасии Рӯзи китоб – ҷашни шинохти тамаддун ва фарҳанги оламгири миллат ҳамаи сокинони вилоят ва дӯстдорони китобро табрику таҳният гуфта, умед бар он дорам, ки бо ин ганҷи бебаҳои инсоният зиндагии босаодату рӯзгори ободу осуда бештар насиби мардуми мо хоҳад гашт.

Рӯзи китоб муборак, ҳамдиёрони азиз!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи китоб