Хабарҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд рафт - 23.05.2020 17:34
Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи аввал баргузор гардид - 23.05.2020 17:26
Cитоди вилоятии назди Раиси вилоят бо иштироки муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 - 23.05.2020 16:09
Ҳамроҳ Тоҳироваи 100 сола: “То саҳар дуо мекунам, то ин ки короновирус аз сарзамини мо нест шавад” - 22.05.2020 19:21
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар остонаи Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 16:49

Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи дониш

( 1 Овоз )

Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи донишОмӯзгорони мӯҳтарам,

Толибилмони азиз!

Имрӯз дар сар то сари кишвари ободу озоди мо Рӯзи дониш ҳамчун санаи гиромидошти илму дониш ва арзишҳои маънавӣ бо шукӯҳи хоса ҷашн гирифта мешавад. Ҳамзамон дар ин сана аксари кишварҳои ҷаҳон Рӯзи сулҳро низ қайд мекунанд, ки ин бесабаб нест. Зеро дониш ва сулҳ ба ҳам тавъам буда, оне ки соҳиби донишу хирад аст, ҳамеша барои сулҳу оромӣ ҷидду ҷаҳд мекунад.

Бо истифода аз фурсати муносиб аҳли маорифи вилоятро, аз ҷумла омӯзгорону устодон, донишҷӯёну мактабиён, инчунин ҳамаи онҳоеро, ки имрӯз нахустин бор ба остонаи мактаб ва донишкадаву донишгоҳҳо, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ қадам мегузоранд, бо Рӯзи дониш, оғози соли нави таҳсил самимона табрику таҳният мегӯям.

Мусаллам аст, ки рушди соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеъа бе ривоҷи илму фарҳанг ва донишу технологияи пешрафтаи муосир ғайриимкон аст.

Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони соҳаи маорифи вилоят санаи 21 августи соли ҷорӣ таъкид доштанд, ки дар сиёсати иҷтимоии кишвар соҳаи илму маориф ҳамчун яке аз самтҳои калидӣ боқӣ монда, Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди он тамоми имконияти худро истифода мебарад ва маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад.

Баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми омӯзгор дар ҷамъият, дарёфт ва тарбияи хонандагони боистеъдод, бузургдошти илму дониш, маърифату маънавиёт дар ҷомеа минбаъд низ дар меҳвари фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор хоҳад гирифт.

Умедворам, ки дар соли таърихии 20 – солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 600 – солагии мавлуди Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ хонандагону омӯзгорони вилоят дар таълиму тарбияи насли худогоҳи миллат ва азбаркунии дониш ба муваффақиятҳои бештар ноил мегарданд.

Бо чунин таманниёти нек ҳамаи шуморо бо Рӯзи дониш сидқан табрик намуда, сиҳатию саломатӣ, хонаи обод, азми матин ва комёбиҳои навинро дар ин шоҳроҳи беинтиҳои илму дониш орзумандам.

Сарфарозу сарбаланд бошед!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи дониш