Хабарҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд рафт - 23.05.2020 17:34
Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи аввал баргузор гардид - 23.05.2020 17:26
Cитоди вилоятии назди Раиси вилоят бо иштироки муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 - 23.05.2020 16:09
Ҳамроҳ Тоҳироваи 100 сола: “То саҳар дуо мекунам, то ин ки короновирус аз сарзамини мо нест шавад” - 22.05.2020 19:21
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар остонаи Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 16:49

Табрики Раиси вилоят ба муносибати рӯзи ангиштканон

( 0 Овоз )

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар ҳар сол якшанбеи охири моҳи август чун Рӯзи ангиштканон таҷлил мегардад. Ба ин муносибат кулли кормандони соҳаро табрику муборакбод намуда, дар амалӣ гаштани нияту нақшаҳои нек барояшон барору комёбӣ таманно дорам.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Рушди соҳаи истихроҷи ангишт ва самаранок истифода бурдани захираҳои табии кишвар метавонад, дар пешбурди иқтисодиёти кишвар, таъсис ва фаъолияти корхонаҳои саноатӣ саҳми назаррас гузорад».

Хушбахтона моҳияти ин вазифаи стратегиро кулли ангиштканони вилоят аз коргари оддӣ то роҳбари болоӣ ба хубӣ эҳсос намуда, ҷиҳати афзоиши бемайлони истихроҷи ангиштсанг силсилаи тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда истодаанд.

Бояд қайд кард, ки соли равон дар соҳаи истихроҷи ангиштсанг боз 3 корхонаи нав ба фаъолият оғоз намуда, танҳо дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб», ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Ангишт», корхонаи муштараки Тоҷикистону Амрико «Анзоб», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дион ангишти Тоҷикистон», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кони ангишти Ғузн» ва ғайра истихроҷи ангиштро ба 306,5 ҳазор тонна расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 1,8 маротиба ё 137,4 ҳазор тонна зиёд аст.

Итминони комил дорам, ки ангиштканони вилоят минбаъд низ аз ӯҳдаи вазифаҳои дар наздашон гузошташуда бо сарбаландӣ мебароянд ва дар рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дарки масъулият саҳми шоиста мегузоранд.

Бо чунин таманнои нек ба кормандони соҳаи истихроҷи ангишти вилоят саломатӣ, рӯзгори обод ва дастовардҳои беназир таманно дорам.

Идатон муборак, ангиштканони азиз!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят ба муносибати рӯзи ангиштканон