Хабарҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд рафт - 23.05.2020 17:34
Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи аввал баргузор гардид - 23.05.2020 17:26
Cитоди вилоятии назди Раиси вилоят бо иштироки муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 - 23.05.2020 16:09
Ҳамроҳ Тоҳироваи 100 сола: “То саҳар дуо мекунам, то ин ки короновирус аз сарзамини мо нест шавад” - 22.05.2020 19:21
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар остонаи Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 16:49

Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи варзишгарон

( 0 Овоз )

Ҳамасола санаи 10 август дар саросари кишвар Рӯзи варзишгарон таҷлил мегардад. Дар ин рӯз ҳамагон иди бардамию тансиҳатӣ ва ҷавонию зебоиро ҷашн мегиранд.

Агар ба таърихи гузаштаи дуру наздики халқамон назар афканем, варзиш яке аз шуғлҳои писандидаи ниёгонамон буд ва аҷдодони мо кӯшиш мекарданд, ки насли солим, чобуку ҷасур ба камол расонанд. Гуфтан ҷоиз аст, ки имрӯз варзиш ҷузъи таркибӣ ва пурарзиши фарҳангии халқҳову  миллатҳо гаштааст.

Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол рушду инкишоф ёфта, он дар байни табақаҳои васеи омма яке аз омилҳои муҳими солимгардонии ҷомеа маҳсуб меёбад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ,  бахусус тарғиби он дар байни наврасону ҷавонон эътибори махсус зоҳир намуда, баҳри баланд бардоштани маҳорату истеъдоди онҳо пайваста тадбирҳо меандешад. Солҳои охир дар вилоят чандин толору майдон ва варзишгоҳҳо таъмиру тармим карда шуда, бо лавозимоти зарурии варзишӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда истодаанд, ки ба ҷои дӯстдоштаи шаҳрвандон табдил меёбанд.

Варзиши вилоят аз саҳифаҳои дурахшон ғанӣ мебошад, ки бо он ифтихор дорем. Имрӯз  варзишгарони вилоят анъанаҳои  неки падарону бобоёни шӯҳратманди хешро идома медиҳанд. Онҳо дар мусобиқаҳои бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ, Осиё, Бозиҳои Олимпӣ ва байналмилалӣ қувваозмоӣ намуда, шӯҳрати варзиши кишварамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд.

Корнамоӣ ва ғалабаҳои ба даст овардаи варзишгарони вилоятро бо ифтихору дилгармии беандоза пазироӣ менамоем.

Кормандони соҳаи варзиш, собиқадорон, кулли мураббиёну варзишгарон ва дӯстдорони тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро бо Рӯзи варзишгарон табрик намуда, тансиҳативу хонаободӣ, фирӯзиву сарбаландӣ ва дастовардҳои шоиста таманно дорам.

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи варзишгарон