Хабарҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд рафт - 23.05.2020 17:34
Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи аввал баргузор гардид - 23.05.2020 17:26
Cитоди вилоятии назди Раиси вилоят бо иштироки муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 - 23.05.2020 16:09
Ҳамроҳ Тоҳироваи 100 сола: “То саҳар дуо мекунам, то ин ки короновирус аз сарзамини мо нест шавад” - 22.05.2020 19:21
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар остонаи Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 16:49

Паёми табрикотии Раиси вилоят ба муносибати иди Фитр

( 0 Овоз )

Паёми табрикотии  Раиси вилоят ба муносибати иди ФитрҲамдиёрони азиз!

Имрӯз мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар қатори кулли мусулмонони ҷаҳон иди саиди Фитрро ҷашн мегиранд.

Ба муносибати иди Рамазон – моҳи меҳрубониву инояти илоҳӣ, нузули раҳмату махфират, баракату иҷобати дуоҳо, ҳамаи ҳамдиёрони азизро табрик намуда, аз Худованди таъоло ба мардуми сарбаланду меҳнатқарин нури имону маърифат, хайру баракат ва тамоми хушиҳои зиндагиро хоҳонам.

Роҷеъ ба моҳи шарифи Рамазон Сарвари давлатамон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Рамазон моҳи сабру таҳаммул, моҳи боз гаштани дарҳои раҳмати Худованд буда, ба инсон устувориву пойдорӣ меомӯзад, имонашро комил, иродаашро қавӣ мегардонад ва дар замираш парҳезгориро тақвият мебахшад.

Моҳи Рамазон ҳам дар каломи раббонӣ ва ҳам дар ҳадисҳои паёмбари Худо борҳо ҳамчун моҳи файзу баракат, хайру саховат, раҳмату махфират, омурзиши гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳо таъкид шудааст».

Бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз дар кишварамон озодии виҷдон ва эътиқод таъмин аст. Дар шаҳру навоҳии вилоятамон амал кардани 13 масҷиди ҷомеи марказӣ, 91 масҷиди ҷомеъ,  960 масҷиди панҷвақта ва намозгузории аҳли ҷомеа дар ҳамаи ин ибодатгоҳҳо далели равшани ин гуфтаҳост. Мардум ба масҷид барои тоату ибодат ва гирифтани ғизои илоҳӣ меоянд ва мусалмони асил дар ин макон ба ташвиқоту тарғиботи ақидаву андешаҳои ифротгароёна ва тундравона, намоишкорӣ, паҳншавии таассубу хурофот, ихтилофу парокандагӣ байни аҳли ҷомеа асло роҳ намедиҳанд.

Мутмаинам, ки мардуми олиҳиммату саховатманди вилоятамон дар моҳи мубораки Рамазон ва минбаъд ҳам ба амалҳои неку хайр, ободкориву созандагӣ руй оварда, бештар ба мардуми ниёзманд некӣ менамоянд ва аз ятимону бепарасторон ва барҷомондагон хайру эҳсонро дареғ намедоранд.

Имонам комил аст, ки ин амалҳои нек барои муваффақияту пешравиҳо ва рӯзгору хонадони ҳар яки мо заминаи мусоид ва файзу баракат меовард ва Ватани азизамон - Тоҷикистон бо ҳиммати баланду меҳнати фидокоронаи мардуми меҳнатқарин боз ҳам ободу шукуфонтар хоҳад шуд.

Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони азиз!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикотии Раиси вилоят ба муносибати иди Фитр