Хабарҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд рафт - 23.05.2020 17:34
Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи аввал баргузор гардид - 23.05.2020 17:26
Cитоди вилоятии назди Раиси вилоят бо иштироки муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 - 23.05.2020 16:09
Ҳамроҳ Тоҳироваи 100 сола: “То саҳар дуо мекунам, то ин ки короновирус аз сарзамини мо нест шавад” - 22.05.2020 19:21
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар остонаи Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 16:49

Табрики Раиси вилоят бахшида ба 17-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

( 0 Овоз )

Табрики Раиси вилоят бахшида ба 17-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣҲамдиёрони гиромӣ!

Ҳанӯз 17 сол муқаддам санаи 27 июни соли 1997 бо ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳалаи ниҳоят душвору ноороми даврони истиқлолияти кишвар паси сар монда, саҳифаи тозаи таърихи навини давлату давлатдории тоҷикон оғоз гардид.

Санади тақдирсози сулҳ рамзи воқеии баҳамоиву сарҷамъии миллат, рамзи иттиҳоду ягонагии мардум, рамзи пирӯзии ақлу заковати солим ва тантанаи сулҳу субот дар саросари кишвар гардида, моро ба кохи бегазанди ваҳдати миллӣ расонид ва роҳи ояндаро ба сӯи татбиқи нақшаҳои бузурги созандагӣ ва ҳадафҳои наҷиби бунёдкорӣ оғоз кард.

Мардуми тоҷик бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имтиҳони садоқат, имон ва талоши суботу оромӣ  сарбаландона гузашта тавонист. Муқовимати сиёсиро бо ризоияту таҳаммул ба анҷом расонида, мисоли камназири ҳалли мусолиҳатомези ҷанги шаҳрвандиро ба ҷаҳониён нишон дод.

Имрӯз Тоҷикистонро чун сарзамини сулҳ, тоҷикистониёнро чун мардуми сулҳофарин ва Президенти онро ҳамчун мунодии воқеии сулҳ дар саросари ҷаҳон медонанд ва таҷрибаи онро меомӯзанд.

Мусаллам аст, ки мардуми сарбаланди вилояти мо дар назди худ вазифа гузоштаанд, ки 17-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) кишварро бо натиҷаҳои хуби меҳнатӣ ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ пешвоз мегиранд. Эълон гардидани соли 2014 «Соли роҳҳои обод» ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ ба сатҳи некӯаҳволии мардум мусоидат намуда, эътимоди комил дорам, ки мо дар ҳамдастию шукргузорӣ аз Ваҳдати миллӣ метавонем, иҷрои ин нақшаҳои меҳнатӣ ва  рушди ҷомеаро таъмин намоем.

Бо эҳтиром ва ифтихор ҳамаи сокинони вилоятро бо 17-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, таманнои он дорам, ки эҳсоси баланди ватандорӣ, нангу номуси миллӣ ва ифтихор аз муқаддасиву пойдории Ваҳдати халқи азизамон дар дили ҳар шаҳрванди вилоят маскан гирад ва ваҳдати мардуми мо ҷовидона ва оламгир бошад.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ, муборак!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят бахшида ба 17-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ