Хабарҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд рафт - 23.05.2020 17:34
Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи аввал баргузор гардид - 23.05.2020 17:26
Cитоди вилоятии назди Раиси вилоят бо иштироки муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 - 23.05.2020 16:09
Ҳамроҳ Тоҳироваи 100 сола: “То саҳар дуо мекунам, то ин ки короновирус аз сарзамини мо нест шавад” - 22.05.2020 19:21
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар остонаи Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 16:49

Табрикоти Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи кормандони савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ

( 0 Овоз )

Ҳар сол якшанбеи якуми моҳи июн сокинони кишвар Рӯзи кормандони савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ  бо тантана қайд менамояд.

Имрӯзҳо кормандони соҳаи мазкур баҳри таъмини хизмати маишӣ, беҳтар гардидани хизматрасонӣ дар соҳаи савдо, ҳамчунин дар доираи қарори Раиси вилоят оиди андешидани тадбирҳои иловагӣ баҳри муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ, иҷрои нишондоди Барномаи «Соли 2014 – соли роҳҳои обод» дар ташкили шанбегиҳо, дарахтшинонию тозаю озода нигоҳ доштани маҳалли зист фаъолона иштирок мекунанд. Растаҳои савдо, иншоотҳои маишӣ ва хиёбону гулгаштҳое, ки мо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мебинем, маҳсули меҳнати софдилонаю хизматрасонии оқилона ва  дастони гулкори коркунони хоҷагии манзилию коммуналӣ мебошад. Аз хизмати бошарафу беғарази кормандони ин соҳа руҳ болидаву табъи мардум дучанд хуш мегардад.

Боварии комил дорам, ки кормандони соҳа бо истифодаи  имконияту захираҳо сатҳу сифати хизматрасониро баланд мебардоранд ва баҳри ободонии ҷомеъа ва қонеъгардонии эҳтиёҷоти халқ меҳнати фидокоронаи худро дареғ намедоранд.

Аз номи худ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  кормандони соҳаро бо фарорасии Рӯзи кормандони савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ табрику таҳният гуфта, барояшон  тансиҳатӣ, хушҳолию барори корро хоҳонам.

Иди касбӣ муборак бод!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрикоти Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи кормандони савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ