Хабарҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд рафт - 23.05.2020 17:34
Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи аввал баргузор гардид - 23.05.2020 17:26
Cитоди вилоятии назди Раиси вилоят бо иштироки муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 - 23.05.2020 16:09
Ҳамроҳ Тоҳироваи 100 сола: “То саҳар дуо мекунам, то ин ки короновирус аз сарзамини мо нест шавад” - 22.05.2020 19:21
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар остонаи Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 16:49

Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

( 1 Овоз )

Боиси хушнудист, ки дар давлатдории навини тоҷикон сатҳ ва сифати кори таълиму тарбияи насли наврас, таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо мазмуну мундариҷаи нав касб намудааст.

Қобили зикр аст, ки ҳанӯз соли 1993 Ҷумҳурии Тоҷикистон  санади муҳими ҳуқуқии байналмилалӣ - Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдаки Созмони Миллали Муттаҳидро эътироф кардааст. Дар ҷумҳурии азизамон ҳуқуқ ва озодиҳои инсон арзишҳои воло дошта, модару кӯдак таҳти ҳимояи давлат қарор доранд.

Дар парвати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳдошти ҳаёт ва дар рӯҳияи баланди худшиносиву ватанпарастӣ ба камол расидани кӯдакон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Имрӯзҳо дар вилоят зиёда аз 910 муассисаҳои таълимӣ, 210 адад муассисаҳои томактабӣ фаъолият бурда, дар онҳо қариб 500 ҳазор кӯдакону наврасон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар вилоят 22 муассисаҳои иҷтимоӣ фаъолият мебаранд, ки дар онҳо 1810 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва имконияташон маҳдуд таҳти сарпарастии махсуси давлатанд.  Соли ҷорӣ барои дастгирии кӯдакони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат аз буҷети давлат зиёда аз 1 млн. сомонӣ маблағҳои иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст.

Барои сохтмону азнавсозӣ, таъмири мактабҳо, фароҳам овардани шароити таҳсил дар муассисаҳои соҳаи маориф эътибори хоса дода мешавад. Сохтмони боғҳои фароғативу истироҳатӣ барои кӯдакон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба нақша гирифта шуда, қисме аз онҳо соли ҷорӣ ба истифода дода хоҳанд шуд.

Барномаҳои давлатие, ки ба беҳдошти ҳаёти иҷтимоии кӯдакон, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим, варзиш ва сиҳатии омма нигаронида шудаанд, татбиқи ҳамаҷонибаи худро ёфта истодаанд.

Боварӣ дорам, ки насли ҷавони имрӯза аз шароитҳои мусоид самаранок истифода бурда, барои азхуд намудани илму дониши ҷавобгӯи замони муосир ва номбардорони ин хоку сарзамини муқаддас ба камол мерасанд. Бо ҳамин таманниёти нек, Шумо - фарзандони азизро бо иди байналмилалии Рӯзи ҳифзи кӯдакон муборакбод менамоям.

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон