Хабарҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд рафт - 23.05.2020 17:34
Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи аввал баргузор гардид - 23.05.2020 17:26
Cитоди вилоятии назди Раиси вилоят бо иштироки муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 - 23.05.2020 16:09
Ҳамроҳ Тоҳироваи 100 сола: “То саҳар дуо мекунам, то ин ки короновирус аз сарзамини мо нест шавад” - 22.05.2020 19:21
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар остонаи Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 16:49

Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист

( 0 Овоз )

Ҳар сол чун анъана аҳли дунё, муҳофизону дӯстдорони табиат санаи 5 июнро чун Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист таҷлил менамоянд. Бори нахуст ин иди байналмилалӣ соли 1972  дар шаҳри Стокголм, дар конфронси махсуси Созмони Милали Муттаҳид тариқи таҳия ва қабули созишнома оид ба масоили ҳифзи муҳити зист рӯикор омад.

Баргузории Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист барои ҳушдор додани ҷомеа дар хусуси муаммоҳои экологӣ имконият фароҳам меорад, зеро сол аз сол таназзулёбии табиат, хароб шудани вазъи муҳити зист дар сайёра ба мушоҳида мерасад.

Боиси тазаккур аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои муҳити зист ва истифодаи босамари захираҳои табиӣ диққати махсус дода мешавад. Дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат зикр карданд: «Тавассути саъю кӯшиши якҷоя метавон дар баробари мушкилоти глобалии замони муосир, аз ҷумла пайомадҳои тағйирёбии иқлими сайёра, фалокатҳои техногенӣ ва экологӣ, ба таври шоиста истодагарӣ кард».

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дигари масъул дар иҷрои рисолати касбии худ  фаъолиятро баҳри пурзӯр намудани назорати давлатӣ оид ба беҳдошти  муҳити зист ва оқилона истифода намудани сарватҳои табиӣ бо назардошти қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Итминони комил дорам баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ баҳри иҷроиши талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ», Барномаи давлатии экологӣ, Консепсияи ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологӣ мусоидат хоҳанд кард.

Ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист ҳамаи кормандони соҳа ва он нафаронеро, ки дар соҳаи ҳифз ва беҳдошти муҳити зист заҳмат мекашанд, табрику муборакбод гуфта,  дар фаъолияташон пирӯзиву бурдборӣ, зиндагии шоиставу пурнишотро таманно дорам.

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист