Хабарҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд рафт - 23.05.2020 17:34
Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи аввал баргузор гардид - 23.05.2020 17:26
Cитоди вилоятии назди Раиси вилоят бо иштироки муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 - 23.05.2020 16:09
Ҳамроҳ Тоҳироваи 100 сола: “То саҳар дуо мекунам, то ин ки короновирус аз сарзамини мо нест шавад” - 22.05.2020 19:21
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар остонаи Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 16:49

Табрики Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

( 0 Овоз )

Табрики  Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи ҷавонони ТоҷикистонРӯзи ҷавонони Тоҷикистонро ба ҷавонони саодатманди вилоят самимона табрику муборакбод гуфта, ба онҳо тансиҳативу хонаободӣ, иқболи баланд ва дар амалӣ намудани ормонҳои нек дастовардҳои шоиста таманно дорам.

Боиси ифтихору шодмонист, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба сӯи пешрафтҳои навин қадамҳои босубот мегузорад ва дар  даврони ҷаҳонишавӣ масъалаҳои марбут ба рӯзгори ҷавонон ҳамчун насли ояндасоз дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар сӯҳбату мулоқотҳои хеш бо ҷавонони кишвар изҳор доштаанд: «Ҳар тадбире, ки дар мамлакат андешида мешавад, пеш аз ҳама ба таъмини беҳдошти ҳаёти ҷавонон равона шудааст». Ин нуктаи муҳим бо муҳаббату ихлоси афзун дар мулоқоти Сарвари давлат бо ҷавонони лаёқатманди вилоят дар Қасри таърихии Арбоб низ таъкид гардид.

Ҷашни имсолаи Рӯзи ҷавонон бо 20-умин солгарди қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 600-солагии тавлиди яке аз фарзандони барӯманди миллати кӯҳанбунёди тоҷик, аллома Мавлоно Абураҳмони Ҷомӣ тавъам омадааст. Бовар дорам, ки ҷавонони ташаббускору фаъоли мо бо тарғибу ташвиқи ин санаҳои таърихӣ, баргузор намудани силсилаи чорабиниҳои ташкиливу фарҳангӣ байни ҷавонон баҳри тарбияи худогоҳиву худшиносии онон нақши муассир мегузорад.

Бо назардошти ин рисолати бузург – ҷавонон дарк менамояд, ки истиқлолияти воқеӣ доштан ва соҳибдавлату соҳибватан будан барои инсон бузургтарин неъмат ва волотарин ормони зиндагӣ аст.

Ҷавобан ба ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҷавонони вилоят кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, то ҳадафҳои бузурги созандагиву офарандагии худро боз ҳам амиқтар  дарк намуда, дар эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва таъмини сатҳи баланди зиндагии мардум саҳми шоиста гузоранд.

Итминон дорам, ки ҳар яки шумо чун фарзандони  асили Ватан баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи вилоят оид ба таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ, эҳёи ҳуранҳои милливу мардумӣ, барномаи «Соли 2014- соли роҳҳои обод» саҳми назаррас мегузоред.

Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи шуморо бори дигар ба фарорасии Рӯзи ҷавонони мамлакат табрик гуфта, ба ҳамагон бахту иқбол, сарбаландӣ ва шукуфоӣ орзу менамоям.

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, муборак!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон