Хабарҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд рафт - 23.05.2020 17:34
Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи аввал баргузор гардид - 23.05.2020 17:26
Cитоди вилоятии назди Раиси вилоят бо иштироки муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 - 23.05.2020 16:09
Ҳамроҳ Тоҳироваи 100 сола: “То саҳар дуо мекунам, то ин ки короновирус аз сарзамини мо нест шавад” - 22.05.2020 19:21
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар остонаи Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 16:49

Табрикоти Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи кимёгарон

( 0 Овоз )

Яке аз соҳаҳои муҳими саноатие, ки имрӯз дар рӯзгори мардум ва пешрафту таҳкими илмию техникии ҷомеаи муосир нақши пурарзиш дорад, соҳаи кимиё мебошад. Дастовардҳои илмию техникӣ ва иқтисодӣ маҳз ба пешрафти соҳаи мазкур алоқамандӣ дошта, эътибор ба рушди соҳа сол то сол меафзояд.

Кормандони соҳа бо дарки масъулият ва малакаи хуби касбӣ дар татбиқи Барномаи рушди стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015 ва дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои наҷибро амалӣ намуда, дар рушду таҳкими иқтидори истеҳсолӣ, пешрафти иқтисодиёти кишвар ва вилоят саҳми амиқ мегузоранд.

Дар вилоят нақши соҳаи кимиё дар иқтисодиёт назаррас буда, истеҳсолоти пуриқтидори маҳсулоти кимиёвӣ арзи ҳастӣ дорад. Олимону мутахассисони варзидаи соҳа аз имконияту захираҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, ба фаъолияти муназзами корхонаҳои соҳа дар шароити мусоиди рушди иқтисодиёти мамлакат заминаҳои мусоид фароҳам меоваранд. Иқтидорҳои пешина барқарор гардида, фаъолияти корхонаҳои соҳа ба эҳтиёҷоти имрӯза мутобиқ гардонида мешаванд.

Бо истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ истихроҷи намудҳои нави маҳсулот ва коркарди онҳо ба роҳ монда шудааст. Алҳол дар корхонаҳои соҳаи кимиёи вилоят намудҳои нави маҳсулоти сурмаю руҳ, рангу оинаи моеъ, плёнкаҳои полиэтиленӣ ва қубурҳои пластикӣ истеҳсол мегарданд, ки сифати ин навъи маҳсулоти истеҳсолии маҳаллӣ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқанд. Ин ҳама нафақат ба болоравии нишондиҳандаҳои соҳаи саноат, балки ҳамчун омили муҳим ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, болоравии музди меҳнат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии коргарон мусоидат менамоянд.

Итминони комил дорам, ки кимёгарони вилоят минбаъд низ шӯҳрати соҳаро аз нав эҳё ва барқарор намуда, баҳри ободии Ватан ва рӯзгори хурраму шоистаи сокинони мамлакати соҳибистиқлоламон хизмати софдилона менамоянд.

Бо истифода аз фурсати муносиб Шумо кормандони соҳаи кимиёи вилоятро ба муносибати иди касбиатон табрик намуда, бароятон тани сиҳат, ободии рӯзгор ва дастоварду комёбиҳои беназир таманно дорам.

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрикоти Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи кимёгарон