Хабарҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд рафт - 23.05.2020 17:34
Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи аввал баргузор гардид - 23.05.2020 17:26
Cитоди вилоятии назди Раиси вилоят бо иштироки муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 - 23.05.2020 16:09
Ҳамроҳ Тоҳироваи 100 сола: “То саҳар дуо мекунам, то ин ки короновирус аз сарзамини мо нест шавад” - 22.05.2020 19:21
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар остонаи Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 16:49

Табрики Раиси вилояти Суғд ба муносибати 85- солагии Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

( 0 Овоз )

Устодон ва донишҷӯёни азиз!

Бо камоли эҳтиром ҳамаи Шуморо бо 85-солагии яке аз марказҳои таълимию тарбиявии Хуҷанди бостонӣ - Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров табрику  муборакбод менамоям. Ин боргоҳи маърифат аз оғози фаъолияти худ тарбияи маънавии ҷомеаро вазифаи муқаддас ва рисолати таърихии худ шинохтааст.

Агар мо бо таърихи таъсисёбӣ ва марҳилаҳои ташаккули он назар афканем, маълум мегардад, ки асоси ин маърифатгоҳ дар солҳои барои миллати тоҷик душвору тақдирсоз ниҳода шуда, оғози фаъолияти он бо сабаби норасоии мутахассисон душвориҳои зиёдеро дар бар дошт. Бо вуҷуди он, ин боргоҳи маърифатро лозим меомад, ки дар давраҳои мушкили эъмори ҷомеаи нав, барои таҳкими пояҳои илму фарҳанг ва афзун кардани шумораи мутахассисони маҳаллӣ кушиши зиёд намояд.

Солҳои 30-юми асри гузашта дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон таҳаввулоту дигаргуниҳо ворид намуданд. Маҳз, дар ҳамин солҳо машъали илму маърифат, нури хираду ҳикмат мардуми кишварро бар зулмоти ғофилиҳову нодониҳо, хурофоту тангназарӣ ғолиб сохта, ходимони номоёни давлатӣ, ҷамъиятӣ ва илму фарҳангиро ба саҳнаи ҳаёт овард. Дар ҳамин лаҳзаҳои тақдирсози кишвар омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ҳамчун пешоҳанги илму фарҳанги пешқадам арзи ҳастӣ намуд ва баҳри тарбияи мутахассисони баркамол ва бунёдкорони ҷомеаи нав саҳми босазо гузошт.

Баъд аз табдил ёфтани омӯзишгоҳ ба коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доираи фаъолияти он боз ҳам васеъ гардид. Устодони Коллеҷ барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ташаккули маърифатнокии донишҷӯён, тарбияи маънавӣ ва ташаккули худшиносиву худогоҳии онҳо кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд. Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки раванди таълим ва паҳлӯҳои марбути он дар коллеҷ вусъат меёбад. Таҷлили ҷашни 85-солагии Коллеҷи омӯзгорӣ саҳми арзандае барои рушди ояндаи насли ҷавони Тоҷикистон хоҳад буд.

Устодон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Ҳамаи шумоёнро ба муносибати ҷашни бошукӯҳ сидқан табрику муборакбод намуда, бароятон сиҳатмандиву хонаободӣ, рӯзгори хушу хуррам ва дар корҳои илмиву омӯзгориатон муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилояти Суғд ба муносибати 85- солагии Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров