Хабарҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд рафт - 23.05.2020 17:34
Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи аввал баргузор гардид - 23.05.2020 17:26
Cитоди вилоятии назди Раиси вилоят бо иштироки муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 - 23.05.2020 16:09
Ҳамроҳ Тоҳироваи 100 сола: “То саҳар дуо мекунам, то ин ки короновирус аз сарзамини мо нест шавад” - 22.05.2020 19:21
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар остонаи Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 16:49

Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи байналмилалии Оила

( 0 Овоз )

Табрики Раиси вилоят ба муносибати  Рӯзи байналмилалии ОилаМустаҳкаму пойдор гардонидани оила боиси устуворию пурқувватии давлату миллат ва ҷамъият буда, тавассути оилаю оиладорӣ мо метавонем беҳтарин анъанаю одатҳоро идома дода, худшиносии миллиро дар дили аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон ҷойгир намоем. Мақоми оила дар ҳар давру замон баҳри пешбурди ҷомеа, муайян намудани сатҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, адабӣ, фарҳангӣ ва мадании ҳар ҳалқу миллат аҳамияти хоса дошт. Аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид таърихи 15 май Рӯзи байналмилалии Оила эълон гардида, аз соли 1993 инҷониб дар арсаи байналхалқӣ ҷашн гирифта мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати пайгирона ва заковати хирадмандонаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзу ҳимояи  иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии оила, кӯдак ва волидайн  қадамҳои устувор мегузорад. Принсипи инсондӯстӣ ва ятимпарварии Сарвари кишвар аҳли ҷомеаро водор месозад, ки барои мустаҳкамии оила кӯшиш намуда, онро масъалаи муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ қабул намоянд.

Манфиати аъзои оила, волидайн ва фарзандони онҳо дар қонунгузории кишвар дар ҷойи аввал меистад. Конститутсияи кишвар таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор доштани оила, никоҳ, модар, падар ва кӯдакро кафолат додааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати таҳкими оила, бахусус оилаҳои ҷавон, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, сафарбарии аҳли ҷомеа ба бунёдкорию созандагӣ, ки дар маҷмӯъ ба шукуфоии Ватани азизамон мусоидат менамоянд, ҳамасола тадбирҳои мушаххас меандешад. Зеро, ҷомеаи солим аз кӯдаки солим, кӯдаки солим аз  модари солим, модари солим аз бунёди оилаи солим сарчашма мегирад.

Айни замон давра ба давра беҳтаршавии вазъи иқтисодӣ, паст гаштани сатҳи камбизоатӣ, таъмини беҳдошти  зиндагии мардум, аз ҷумла  муҳити хуби иҷтимоии оилаҳои ҷавон ба вуҷуд омада,  барои  равнақи созандагӣ  ва   бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ заминаи устувор фароҳам мегардад.

Эҳё ва тарғиби ҳунарҳои миллии ниёгон ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҷониби Сарвари давлат хеле саривақтӣ буда, баҳри бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ байни ҷавонон ва устувории оилаҳо мусоидат менамояд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир гаштааст. Чандин муҳоҷирон аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба Ватан бармегарданд.

Фаро расидани Рӯзи байналмилалии оиларо ба кулли ҳамдиёрони азиз табрик гуфта, барояшон рӯзгори орому осоишта, ҳаёти пурфайзу шукӯҳ, некномиву нексириштӣ ва болидахотириву сарбаландӣ таманно менамоям.

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи байналмилалии Оила