Хабарҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд рафт - 23.05.2020 17:34
Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи аввал баргузор гардид - 23.05.2020 17:26
Cитоди вилоятии назди Раиси вилоят бо иштироки муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 - 23.05.2020 16:09
Ҳамроҳ Тоҳироваи 100 сола: “То саҳар дуо мекунам, то ин ки короновирус аз сарзамини мо нест шавад” - 22.05.2020 19:21
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар остонаи Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 16:49

Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Шашмақом

( 0 Овоз )

Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвари азизамон рӯҳияи худшиносиву худогоҳии мардум, эҳтиром нисбат ба таъриху фарҳанг ва омӯзиши дастовардҳои беназири адабиёти оламшумули миллати тамаддунофари тоҷик, ҳамчунин эҷодиёти бадеии халқ, ки аз ҳазорсолаҳо сарчашма мегирад, торафт баланд гардида,  тадбирҳои ҳаётан муҳим аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешида шуданд, ки барои кулли кормандони соҳаи фарҳанг, аз ҷумла аҳли ҳунару эҷод роҳнамои ҳақиқӣ гардидаанд.

Дар хазинаи мусиқии халқи тоҷик, ки таърихи тӯлонӣ дорад, санъати Шашмақом пурқиматтарин дурри гаронбаҳо аст. Ин санъати бузурги пурҷозибаро ҳазорон ромишгарону сарояндагон давоми асрҳо сайқал дода, ғанитар гардонидаанд.

Шоҳасари мадании мусиқии халқи тоҷик Шашмақом садсолаҳо аз дил ба дил роҳ ёфта, аз устод ба шогирд чун мероси аҷдодӣ омадааст.

Дар оҳангҳои классикии Шашмақом, ки бештар орзуву ормонҳои халқ, дӯстиву рафоқат, меҳру шафµат суруда шуда, онро халқ давоми µарн³о аз насл ба насл ҳамчун мероси беназир то имрӯз расонидааст.

Устодони шашмақом Ҳоҷӣ Абдулазиз, Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов, Акашариф Ҷӯраев, Маъруфхӯҷа Баҳодуров, Боймуҳаммад Ниёзов, Мирзосолеҳ Қурбонов, Ҷӯрабек Набиев, Ҷӯрабек Муродов, Барно Исҳоқова ва даҳҳо санъаткорони дигар дар тарғибу ташвиқ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани ин санъати бебаҳо хизмати шоиста намуданд.

Имрӯзҳо 12 ансамблҳои шашмақомхонон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба мардум хизмат мерасонанд ва боиси қайд аст, ки сафи ҷавонон дар ин санъати аҷдодӣ рӯз аз рӯз меафзояд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят минбаъд низ бобати рушди санъати Шашмақом, мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техникии ансамблҳои фаъолиятдошта ва таъмини онҳо бо кадрҳои соҳибмаълумоту соҳибистеъдод тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Кормандони соҳаи фарҳанги вилоятро бо Рӯзи Шашмақом табрик намуда, барояшон комёбиҳои нав ба нави ҳунариву эҷодӣ таманно менамоям.

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Шашмақом