Хабарҳо
Баргузории ярмарка - фуруши маҳсулоти кишоварзӣ - 06.03.2021 15:19
“Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад”-бардошт аз чорабинии идона дар шаҳри Исфара - 05.03.2021 20:44
Дар ноҳияи Ашт Рӯзи Модарро бо шукуҳи хоса ҷашн гирифтанд - 05.03.2021 20:24
Дар Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Модар бо ҳузури Озарахшу Фарзона маҳфили «Ширу шакар» доир шуд - 05.03.2021 16:32
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Раёсати Бонки Авруосиёии Рушд Николай Подгузов мулоқот намуданд - 05.03.2021 16:19
Баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани нерӯи таълимии мактаб дар пешгирии ифротгароии хушунатомез» - 05.03.2021 14:51
Истаравшан. Соҳибкор Ҳакимова Рухшона коргоҳи хурди қаннодиро мавриди истифода қарор дод - 05.03.2021 14:48
Таҷлили Рӯзи Модар дар шаҳри Бӯстон - 05.03.2021 14:42
55,6%-и кормандони Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бонувон ташкил медиҳанд - 05.03.2021 14:39
Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Ҷумҳурии Туркия сафар мекунанд - 05.03.2021 10:27

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи энергетикҳо

( 0 Овоз )

Ҳамасола 22-юми декабр дар кишвари азизамон Рӯзи энергетикҳо таҷлил мегардад. Ба ин муносибат ҳамаи кормандони ин соҳаи муҳимро табрику таҳният менамоям.

Солҳои охир рушду нумӯи соҳаи энергетика дар вилоят афзалият пайдо кардааст. Афзудани тавлидоти нерӯи барқ боис гардид, ки соҳаҳои муҳимтарини хоҷагии халқ, аз ҷумла саноат, афзоиш ёбанд.

Дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Бо назардошти он, ки ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад, мо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян кардаем».

Боиси ифтихор аст, ки санаи 16 ноябри соли 2018 агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд ва нури раҳмонӣ ба ҳар хонаводаи тоҷику тоҷикистониён ворид гардид.

Бояд таъкид кард, ки сарбанди нерӯгоҳи «Рогун» баландтарин садди заминӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа маҳсуб меёбад, ки он барои амалӣ намудани ҳадафи стратегӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ арзиши калидӣ дорад. Боиси хурсандист, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми кишварҳои ҳамсоя бунёди ин сохтмони ҳаётан муҳими Тоҷикистон ва муҳимияти онро барои рушди минтақа дарк ва ҷонибдорӣ намуданд.

Дар назар аст, ки баъди таҷдид ва барқарорсозии нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум истеҳсоли миёнаи нерӯи барқ 38 фоиз афзуда, мӯҳлати истифодаи таҷҳизоти он зиёд мегардад.

Бо боварии комил метавон гуфт, лоиҳаҳое, ки дар соҳаи энергетикаи вилоят амалӣ шуда истодаанд, рушди бемайлони соҳаҳои хоҷагии халқро таъмин менамоянд.

Дар ин радиф, ба Шумо, энергетикҳои вилоят, барору комёбӣ ва дастовардҳои фараҳбахши меҳнатиро таманно менамоям.

Иди касбӣ муборак, дӯстони азиз!


ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи энергетикҳо