Хабарҳо
Баргузории ярмарка - фуруши маҳсулоти кишоварзӣ - 06.03.2021 15:19
“Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад”-бардошт аз чорабинии идона дар шаҳри Исфара - 05.03.2021 20:44
Дар ноҳияи Ашт Рӯзи Модарро бо шукуҳи хоса ҷашн гирифтанд - 05.03.2021 20:24
Дар Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Модар бо ҳузури Озарахшу Фарзона маҳфили «Ширу шакар» доир шуд - 05.03.2021 16:32
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Раёсати Бонки Авруосиёии Рушд Николай Подгузов мулоқот намуданд - 05.03.2021 16:19
Баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани нерӯи таълимии мактаб дар пешгирии ифротгароии хушунатомез» - 05.03.2021 14:51
Истаравшан. Соҳибкор Ҳакимова Рухшона коргоҳи хурди қаннодиро мавриди истифода қарор дод - 05.03.2021 14:48
Таҷлили Рӯзи Модар дар шаҳри Бӯстон - 05.03.2021 14:42
55,6%-и кормандони Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бонувон ташкил медиҳанд - 05.03.2021 14:39
Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Ҷумҳурии Туркия сафар мекунанд - 05.03.2021 10:27

Табрики Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти молия

( 0 Овоз )

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола санаи 7-уми декабр Рӯзи кормандони мақомоти молия таҷлил мегардад.

Иди касбиро ба кулли кормандон ва собиқадорони соҳа шодбош гуфта, ба ҳамагон саломатии бардавом, хотирҷамъӣ, саодати рӯзгору бахти сафед таманно мекунам.

Имсол рӯзи кормандони молия дар айёме таҷлил мегардад, ки дар кишвар ба ҷашни бузурги миллат – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ вусъати тоза гирифтааст.

Пайваста қабул шудани санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба молиядорӣ аз таваҷҷуҳи ҳамарӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кормандони соҳаҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, шаҳодат медиҳанд, ки давлату ҳукумат дар ҳаққи мардуми кишвар муттасил ғамхорӣ мекунанд ва барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони кишвар чораҳои мушаххас андешида мешаванд.

Пешвои миллат дар суханрониашон таъкид кардаанд, ки «Пешбурди оқилонаи сиёсати молиявӣ ва мӯътадилии он дар ҳама давру замонҳо омили асосии устувории давлат мебошад». Аз ин рӯ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат доимо кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки мавқеи мақомоти молия ҳамчун яке аз сохторҳои муҳимтарини иқтисодиёти мамлакат рушд ёбад, низоми молиявӣ ривоҷу равнақ дода шавад.

Вазифаи асосии кормандони мақомоти молия иборат аз он аст, ки ба ҷараёни татбиқи сиёсати андоз таҳким бахшида, буҷети давлатиро мунтазам ва сари вақт таҳия намуда, истифодаи босарфа ва мақсадноки маблағҳои буҷетиро ба роҳ монда, чорабиниҳоеро, ки аз хазинаи давлат маблағгузорӣ мешаванд, бо маблағ таъмин намоянд. Боиси тазаккур аст, ки кормандони мақомоти молия дар вилоят вазифаи хизматӣ ва уҳдадории мансабиашонро муваффақона иҷро мекунанд ва дар пешбурди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, баланд бардоштани сатҳи ҳаёти бошандагони вилоят ҷидду ҷаҳд менамоянд.

Боварии комил дорам, кормандони Сарраёсати молия дар вилоят ва сохторҳои маҳаллии он дастовардҳои хешро торафт афзун намуда, баҳри беҳдошти зиндагии ҳар сокини диёр хизмати шоиста мекунанд.

Ба кормандони мақомоти молия ба муносибати иди касбиашон тансиҳативу саодатмандӣ, комёбиҳои беназир, дар ҳаёти шахсиашон бахту саодат ва файзи рӯзгор таманно дорам.

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти молия