Хабарҳо
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 26.04.2021 14:39
Баргузории фестивалҳои “Сад ранги чакан” ва “Ҳунар аз зар беҳтар бувад” - 26.04.2021 11:12
Эълони озмуни "Беҳтарин шеър" байни адибони тоҷик - 26.04.2021 10:34
Миёни шаҳрҳои Хуҷанд ва Қӯқанд меморандуми ҳамкорӣ имзо шуд - 26.04.2021 10:15
Мулоқоти ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Ӯзбекистон бо роҳбарии cарвазирони ҳарду давлат доир гардид - 25.04.2021 21:12
Илм ва инноватсия дар низоми татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллӣ - 23.04.2021 16:35
БИҲИШТЕ ДАР МАСИРИ РУШД - 23.04.2021 10:31
АЁДАТИ ОИЛАҲОИ МАЪЮБ ВА НИЁЗМАНД - 23.04.2021 10:29
ДДХ: НАТИҶАГИРӢ АЗ КОНФЕРЕНСИЯҲОИ ИЛМӢ - 23.04.2021 10:29
Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилоят - 23.04.2021 10:25

Самадӣ Биволида Зоидзода

( 53 Овоз )

Роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят

Самадӣ Биволида Зоидзода 28 сентябри соли 1970 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1992 Институти давлатии педагогии шаҳри Хуҷанд ва соли 2007 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизне ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисосҳои омӯзгор ва иқтисодчӣ хатм кардааст.

Мавсуф фаъолияти меҳнатиашро соли 1992 ба ҳайси омўзгори мактаби миёнаи умумии № 40-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз бахшида, дар солҳои 1993-2005 омӯзгори мактаби миёнаи умумии  №14-и шаҳри Қайроққум буд. Солҳои 2006-2007 дар вазифаи мутахассиси идораи хадамоти методии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2007-2011 дар вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Қайроққум кор кардааст.

Самадӣ Биволида Зоидзода дар солҳои 2011-2016 дар вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд, солҳои 2016-2018 дар вазифаи сардори Раёсати корҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурда, аз феврали соли 2018 то октябри соли 2018 мушовири Раиси вилояти Суғд буд.

Аз 1 октябри соли 2018 то имрӯз дар вазифаи Роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд кор мекунад.

ШУМО ДАР: РОҲБАРИЯТ Кисту чист! Самадӣ Биволида Зоидзода