Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сафари кори ба шаҳри Конибодом ташриф овард.
Дар шаҳри Конибодом Раиси вилоят бо табибон ва ҳамшираҳои шафқати беморхонаи марказии шаҳр мулоқот намуда аз шароити кори барои духтурон таъминот бо дорувори, маводҳои антисептикӣ, либосу таҷҳизоти муҳофизати пурсон шуд. Ба Раиси вилоят иттило дода шуд, ки айни ҳол дар беморхонаи марказ шаҳри Конибодом 11 нафар бо бемораи коронавирус ва илтиҳоби шуш бистари карда шудаанд. Барои муолиҷаи беморон дорувории зарури мавҷуд буда, духтурон бо либосҳои фарии якчандкарата ва махсус таъмин ҳастанд. Ҳамчунин шароитҳои зарурии буду бош ва бо се маҳал хуроки серғизо таъмин мебошанд.
Раиси вилоят дастур дод, ки табибон аз ҷониби роҳбарияти шаҳр ҳавасманд ва дастгири карда шаванд. Барои пешгири аз паҳншавии Covid- 19 дар байни аҳоли корҳои ташвиқоти ва пешгирикунанда мунтазам бурда шавад. Аз ҷониби Раиси вилоят ба беморхонаи марказии шаҳри Конибрдом корҷомаҳои муҳофизати, маводҳои антисептикӣ, маводи дорувори барои муолиҷаи беморон дастрас карда шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд