Хабарҳо
Давлат Сафар Изҳорот қ 1 - 27.05.2020 01:27
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилоят аз рафти кишти картошка боздид намуда бо кишоварзон мулоқот кард - 26.05.2020 19:43
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Деваштич - 26.05.2020 18:45
Раиси вилоят ҷавонони маъюбро аёдат намуд - 26.05.2020 18:38
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти корҳои саҳрои ва аз худ кардани заминҳои нав дар ноҳияи Деваштич шинос шуд - 26.05.2020 18:26
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40

АШТ: БА СОДИРОТИ ЗАРДОЛУ ОМОДАГӢ МЕГИРАД

( 0 Овоз )

Ашт яке аз ноҳияҳое маҳсуб меёбад, ки бо истеҳсоли зардолуи шаҳдбори худ шӯҳрат пайдо кардааст. Кишоварзони ноҳия дар майдони боғҳои бунёднамудаи худ, машғули меҳнат буда, барои истеҳсоли ин меваи хуштаъм ҷидду ҷаҳд доранд.

Тибқи иттилои сардори идораи кишоварзии ноҳияи Ашт Рафторҷон Муҳаммадиев ноҳия дорои беш аз 16 ҳазор боғоти зардолу буда, аз ин 8900 гектарашро дарахтони зардолуи ҳосилдиҳанда ташкил медиҳанд.

Бояд гуфт, ки пас аз чанд рӯзи дигар боғдорони ноҳия ба оғози ҷамъоварии ҳосили нав шурӯъ хоҳанд кард. Имрӯз беш аз 14 ҳазор хоҷагии инфиродиву деҳқонӣ ба нигоҳубин ва баҳри бе талаф ҷамъовари намудани он машғул ҳастанд. Боғоти зардолузорро асосан дарахтони навъҳои пешпазаки арзанаки калон, шалах ва рухи ҷонона, инчунин навъҳои зардолуи муқаррарӣ ба монанди мирсанҷалӣ, исфарак ва бобоӣ, ки ҳосили фаровон доранд ташкил медиҳад.

Меваи тару тозаи зардолу асосан ба Федератсияи Россия содирот мегардад. Содироти намудҳои зардолуи пешпазаки «Шалах» «Арзанаки калон» ва «Рухи ҷавонон» рӯзҳои наздик оғоз гардида, барои содироти он 140 ҳазор дона қуттӣ омода шудааст.

Барои беталаф ҷамъоварӣ намудани зардолуи пешпазак аз имрӯз корҳои фаҳмондадиҳиро оғоз намудем. Барои рушди содироти зардолу ва гелос дар ноҳия ҶСК ОАО «Зардолу - Компания» фаъолият намуда истодааст, алҳол барои содироти 1000 тонна зардолу 120 қуттии ба талабот ҷавобгӯйро омода намудааст, - мегӯяд Рафторҷон Муҳаммадиев.

Бояд гуфт, ки соли гузашта боғдорони ноҳия наздики 20 ҳазор тонна зардолу истеҳсол намудаанд, ки  аз ин беш аз 3 ҳазор тоннаашро соҳибкорони маҳаллӣ ба кишвари Россия содирот намуда буданд.

Боғдорон имсол низ азм доранд истеҳсоли 20 ҳазор тонна зардолуро ба роҳ монда сараввал бозорҳои дохилии кишварро бо маҳсулоти худӣ таъмин намуда, сипас боқимондаашро ба кишварҳои хориҷ содирот намоянд.

Дар ноҳия барои бунёди боғоти нав диққати махсус зоҳир мегардад ва барои истеҳсоли зардолуҳои хушсифат шароити мусоид фароҳам гардидааст. Ноҳия дар миқёси кишвар ба яке аз ноҳияҳои содироткунандаи асосии зардолу табдил ёфтааст.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

«Ҳақиқкати Суғд»

  • 1
  • 2
  • 3
ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Суғд АШТ: БА СОДИРОТИ ЗАРДОЛУ ОМОДАГӢ МЕГИРАД