Онлайн конференсия бо табибони Ҷумҳурии халқии Чин, Белорус, Ӯзбекистон ва Қазоқистон оид ба пешгири ва муолиҷаи COVID-19

( 0 Овоз )

Дар доираи татбиқи ташаббусу иқдомҳо ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии паҳншавӣ ва табобати мубталоёни бемории нави короновирус — COVID-19 бо ташаббуси Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар беморхонаи вилояти онлайн конференсия бо табибони хориҷӣ баргузор гашт.

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд телеконференсия вебинар дар мавзӯи ташхис ва табобати коронавирус COVID - 19 баргузор гардид. Дар вебинар табибони Ҷумҳурии Хитой, Беларус, Ӯзбекистон, Қазоқистон иштирок доштанд. Аз тарафи табибон оид ба муолиҷаи беморони илтиҳоби шадиди шушҳо гуфтугӯи мустақим гузаронида шуд. Ҳадаф аз баргузории чунин вебинар мубодилаи таҷриба байни табибон ва истифодаи усулҳои муосир барои табобати беморон мебошад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Share