Гӯшаҳои деҳқон дар шаҳрҳои саноатии вилояти Суғд ба фаъолият оғоз кард

( 0 Овоз )

Дар доираи татбиқи ташаббусу иқдомҳои иҷтимоӣ ва бо пайравӣ аз хислатҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии паҳншавӣ ва табобати мубталоёни бемории нави короновирус — COVID-19 бо ташабуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар назди хонаҳои баландошёнаи шаҳрҳои саноатӣ барои дастрасӣ ёфтани сокинон ба меваҳои тару тоза ва сабзавот Гӯшаҳои деҳқон ташкил карда шуд.

Ин тадбир барои пешгири ва риоя намудани меъёрҳои фосилави паҳншавии бемори бе зарурат тарк накардани манзили истиқомати амали карда мешавад. Деҳқонон фурӯши меваю сабзавоти баҳориро дар назди хонаҳои баландошёна оғоз карданд. Дар Гӯшаҳои деҳқон сабзавоти барвақтӣ аз қабили пиёз, картошка, сабзӣ, шалғам, бодиринг, помидор, сирпиё, мевагиҳо, зардол, гелос ва қулфинай ба сокинон бо нархи дастрас пешниҳод карда мешавад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Share