Фестивали вилоятии «Атласу адрас» гузаронида мешавад

( 0 Овоз )

Ба таваҷҷӯҳи сокинони вилояти Суғд, бахусус тарроҳону дӯзандагон расонида мешавад, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ташаббуси раёсатҳои кор бо занон ва оилаву фарҳанги вилоят бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ Фестивали вилоятии «Атласу адрас» баргузор мегардад!

Фестивали мазкур бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» доир гардида, аз рӯи 4 бахшҳои зерин сурат мегирад:

- Беҳтарин либоси кӯдакона;

- Беҳтарин либоси расмӣ;

- Беҳтарин либоси идона;

- Беҳтарин либоси арӯсию домодӣ.

Либосҳо бояд танҳо аз матои атлас ва адраси ватанӣ омода шуда бошад.

Фестивал дар ду давр баргузор гардида, даври аввал дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва даври дуюм дар маркази вилоят гузаронида мешавад.

Дархостҳо барои иштирок дар Фестивал ба Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят то 20 феврали соли 2020 қабул карда мешавад.

Маълумоти иловагиро метавонед тариқи телефонҳои зерин дарёфт намоед:

(8 34 22) 4 - 65 – 37, 4-68-50, 92 601 9055

 

Share