Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайфи Исфарангии шаҳри Исфара бахшида ба Иди Сада чорабинии идона баргузор гардид.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим сокинони шаҳрро бо фарорасии ҷашни мубораки ниёгонамон - Сада табрик гуфта, қайд намуд, ки дар замони истиқлолият Иди Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо умри дубора пайдо кард.
Таъкид карда шуд, ки таҷлили Сада ҳамеша ба шакли дастаҷамъӣ ва бо ҳам омадани мардуми шаҳр, маҳалла ва деҳот дар як ҷо бо оташафрӯзии бузургу суруру шодмонӣ баргузор мегардид. Ойину таомулҳои Сада одамонро ба амалҳои хубу писандида, аз қабили ба ҳам сухани нек гуфтан, ҳамдигарро эҳтиром намудан, дар осоишу оромӣ умр ба сар бурдан, дар ҳама ҳолат шарики ҳамдигар будан, кори хайр кардан, заминро дӯст доштан, табиатро ҳифз кардан ва дигар кирдорҳои нек даъват мекунанд.
Дар рафти таҷлили ҷашни Сада дар вазъияти тантанавӣ ба беҳтарин кишоварзону боғпарварон ва чорводорони шаҳру деҳоти Исфара сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Дар анҷом барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд