Хабарҳо
Ҳамдардии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сабаби даргузашти Гулназар Келдӣ - 13.08.2020 20:35
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук мулоқот намуданд - 13.08.2020 16:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд - 13.08.2020 15:59
Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ​ китоби​ "Камол дар оинаи пажӯҳиш"​ —​ ро ба нашр расонид - 13.08.2020 15:57
Дар шаҳри Бӯстон Рӯзи кормандони соҳаи тибро ҷашн гирифтанд - 13.08.2020 13:08
Гулистон. Ба 70 нафар кӯдакони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ дастрас карда шуд - 13.08.2020 08:45
Дар Хуҷанд ба фарзандони оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ эҳдо шуд - 13.08.2020 08:42
Исфара. Гардиши хона ба хонаи табибон дар Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ - 13.08.2020 08:40
Дар бинои нави Муассисаи давлатии маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд 85 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расид - 12.08.2020 10:47
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент сафар кард - 12.08.2020 10:14

Баргузории конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи "Такмили қонунгузории зиддикоррупсионӣ: муаммоҳо ва дурнамои рушд" дар ДДҲБСТ

( 0 Овоз )

4 феврали соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи "Такмили қонунгузории зиддикоррупсионӣ: муаммоҳо ва дурнамои рушд" баргузор гардид.

Дар кори конференсияи муовини аввали раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода, ёрдамчии калони прокурори вилояти Суғд Гулчеҳра Ғоибназарова, кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Қиёмиддин Насруддинзода ва Васлибек Назриён, муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода, котиби масъули комиссияи ҷамъиятии муқовимат бо коррупсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Музаффар Бобоҷонов, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Анвар Сафарзода ва устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Пиралӣ Назарзода иштирок намуданд.

Нахуст, ректори ДДҲБСТ Муъмин Шарифзода конференсияи ҷумҳуриявиро ифтитоҳ намуда, ҳайъати меҳмононро ба иштирокчиён муаррифӣ кард ва баргузории конференсияро ҷиҳати амалинамоии дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мубориза бо коррупсия муҳиму саривақтӣ унвон кард.

Дар идомаи конференсияи ҷумҳуриявӣ Анвар Сафарзода профессор, мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Масъалаҳои мубрами сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ дар самти муқовимат бо коррупсия”, нозири калони шуъбаи пешгирии коррупсияи РАНДММК ҶТ дар вилояти Суғд Васлибек Назриён таҳти унвони “Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти амалигардонии сиёсати зиддикоррупсионии давлат”, ёрдамчии калони прокурори вилояти Суғд Гулчеҳра Ғоибназарова дар мавзӯи “Зарари коррупсия ба субот ва амнияти ҷомеа”, дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ Самад Болтуев дар мавзӯи “Мафҳуми коррупсия аз назари ҳуқуқи байналмилалӣ” ҳамчунин сармуаллими кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ Шарофиддин Солиев дар мавзӯи “Коррупсия чун зуҳуроти таҳдидкунанда ба амнияти давлатӣ” ва магистранти соли аввали ДДҲБСТ Муҳиба Ҷабборова дар мавзӯи “Муборизаи қатъи ба амалҳои коррупсионӣ-шартимуҳими зиндагии шоиста” маърӯзаҳо ироа намуданд.

Таъкид гардид, ки дар мубориза бар зидди коррупсия бояд тамоми аҳли ҷомеа фаъол бошанд.

Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ пас аз нисфирӯзӣ дар бахшҳои алоҳида идома кард. Коршиносон, мутахассисон ва устодони донишгоҳҳои олии мамлакат дар бахшҳо маърӯзаҳо намуданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд



  • 1
  • 2
  • 3
ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Суғд Баргузории конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи "Такмили қонунгузории зиддикоррупсионӣ: муаммоҳо ва дурнамои рушд" дар ДДҲБСТ