Хабарҳо
Ҷаласаи Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид - 04.08.2020 14:26
Барои идомаи сохтмони хати оби нӯшокӣ дар шаҳраки Шӯроб дар марҳилаи аввал 1,2 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст - 04.08.2020 09:54
6 август дар Душанбе ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мешавад - 04.08.2020 09:50
Хуҷанд: Тақдими 150 адад либосҳои мактабӣ ба хонандагони ятиму камбизоат - 04.08.2020 09:45
Оғози корҳои таъмиру мумфаршкунии 1,5 километр роҳ дар Ҷамоати деҳоти Ворух - 04.08.2020 09:41
Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод - 03.08.2020 23:23
Дар ноҳияи Спитамен корхонаи коркади шир бунёд ва 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд - 03.08.2020 15:11
Таҷрибаи оилаи Эмомовҳо дар самти захираи маҳсулот шоистаи пайравӣ аст - 03.08.2020 15:09
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо нуқтаҳои хизматрасонӣ ва кинотеатри замонавӣ дар ноҳияи Спитамен - 03.08.2020 14:38
Шиносоии Раиси вилоят бо тарзи истифодабарии замини хоҷагиҳои ёрирасон - 03.08.2020 14:29

Панҷакент: КОРҲОИ ОБОДОНӢ БА ШАРАФИ ҶАШН ВУСЪАТ МЕЁБАНД

( 0 Овоз )

Нишасти матбуотии раиси шаҳри Панҷакент Шафеиён Ислом Зиёзода бо намояндагони воситаҳои ахбори умум оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2019 баргузор гардид. Нахуст раиси шаҳр ба рӯзноманигорон дар бобати дастовардҳои соли сипарӣ маълумот дод. Аз ҷумла, зикр гардид, ки баҳри бо дастовезҳои шоиста истиқбол гирифтани ҷашни 5500 - солагии шаҳри бостонии Саразм, ки ин сана соли равон таҷлил карда мешавад, шаҳри Панҷакент ба як сохтмонгоҳи бузург табдил ёфта, ташкилоту муассисаҳо, коргоҳҳо, соҳибкорон ва ҳар як шаҳрванд баҳри он кӯшиш дорад, ки ба шарофати ин ҷашни бузург шаҳр обод, гулпӯш, тозаву озода бошад.

Дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби рӯзноманигорон суолҳо дода шуда ва роҳбарони сохторҳои марбута ба он посухҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла, ба суол дар бобати афзудани хавфи баландшавии оби дарёи Зарафшон ва вазъи соҳилмустаҳкамкунӣ дар ин радиф раиси шаҳр посух дод, ки хавф асосан дар Ҷамоати деҳоти Хурмӣ эҳсос гардида, дар ин самт ҳоло кор дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, саддҳои обшикан бунёд карда шуда истодаанд. Бо ин мақсад 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида бошад ҳам, вале ин кофӣ нест. Бо ҷалби маблағгузорони хориҷӣ, соҳибкорон ва фардони саховатпеша ният дорем, соли равон тадбирҳои зарурӣ дар самти пешгирии ҳавфи баландшавии оби дарёи Зарафшон амалӣ карда шаванд. Ба суоли он, ки коргоҳи истеҳсоли мармар «Лада мармар», ки солҳои охир аз фаъолият бозмондааст, оё аз нав ба истеҳсолот шурӯъ мекунад, раиси шаҳр ҷавоб дод, азбаски ба маҳсулоти корхона вақтҳои охир талабот хеле кам аст, коргоҳ аз фаъолият бозмонд. Дар самти аз нав барқарор кардани фаъолияти он тадбирҳо андешида шуда истодааст.

Ҳамчунин аз ҷониби рӯзноманигорон бобати тадбирандешӣ ҷиҳати амалигардонии ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии мамлакат, маблағгузорӣ баҳри харидани китобҳо ба китобхонаи марказии шаҳр, норасоии китобҳо дар таълимгоҳҳо, бунёди коргоҳи истеҳсоли оби нӯшокӣ бо тамғаи “5500 - солагии Саразм”, ба танзим даровардани нақлиёт дар назди гузаргоҳҳои сарҳадӣ, бунёди китобхонаҳо, рафти омодагиҳо ба шарафи 5500 - солагии Саразм суолҳо дода шуданд. Раиси шаҳр ба суолҳо посухҳои мушаххас дода, ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳои марбута ҷиҳати ҳалли мусбии мушкилоте, ки аз ҷониби рӯзноманигорон баён гардид, дастуру супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

  • 1
  • 2
  • 3
ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Суғд Панҷакент: КОРҲОИ ОБОДОНӢ БА ШАРАФИ ҶАШН ВУСЪАТ МЕЁБАНД